ВидеоҲуқуқи инсон

“БАРОИ НОМА АЗИЯТ ДОДАНД”. ДИДОРИ ПАЙВАНДОН БО ПИРМУҲАММАДЗОДА ДАР БОЗДОШТГОҲ

Мақомот ба пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 22-уми октябр иҷозаи дидор додаанд.

Пирмуҳаммадзода дар ин дидор гуфтааст, ки пас аз нашри муҳтавои номааш мақомот ӯро азият доданд. Ин суҳбат як рӯз пас аз  нашри муҳтавои номаи Пирмуҳаммадзода сурат гирифтааст. Ӯ дар номааш навишта буд, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа маҷбураш мекарданд, то иттиҳоми, ба қавлаш, “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор, рӯзи 24- уми октябри соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш, писари хурдсолаш ва хоҳарам дар боздоштгоҳ бо ӯ мулоқот кардаанд. Ӯ гуфт, рӯзи мулоқот пеш аз нашри муҳтавои номаи Пирмуҳаммадзода дақиқ шуда буд ва он ба нашри нома ҳеч рабт надорад.

“Абдусаттор дар мулоқот ба ҳамсару хоҳарам гуфтааст, ки баъди чопи номааш дар расонаҳо мақомоти зиндон ӯро бозпурсӣ намуда, азияташ додааанд. Пурсидаанд, ки чӣ гуна ин нома бидуни иҷозати онҳо ба берун баромадааст. Чаро ин номаро навиштааст. Ӯро ба як утоқи алоҳида бурда бозпурсӣ намуда, дубора ба утоқаш овардаанд,”—гуфт ӯ.

Бародари Абдусаттор аз қавли хоҳараш мегӯяд, вақте бо ӯ суҳбат доштанд, дар чеҳрааш осори латукуб набуд, вале афсурдатар ба назар мерасид.

“Баъди нашри ин номаи пурдарду алам пайвандонамон сахт дар ташвиш шудаанд ва аз саломатиаш нигарон ҳастанд. Ба Раёсати маҳбасҳо нома навишта, мехоҳанд зуд-зуд аз ҳолаш бохабар шаванд, вале дар посух иҷоза надодаанд ва гуфтаанд, ки пас аз 15 рӯз дигар метавонанд мулоқот кунанд,”– мегӯяд Абдукарим.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номааш навишта буд, ки зери фишору таҳдид ба гуноҳи нокарда эътироф кардааст. Ӯ навишта буд, ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам”.

Пайвандонаш рӯзи 9-уми октябри имсол шикоят карда буданд, ки Пирмуҳаммадзода “зери фишор” ба гуноҳ “иқрор кардааст” ва аз мақомот хостанд, онро аз эътибор соқит кунанд.

Мақомот дар гузашта ва ҳоло ба суолҳо дар пайванд ба қазияи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва рӯзноманигорону блогерон ва фаъолони дигари боздоштшуда посух надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button