ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ СЕ СОКИНИ ХУРОСОН ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 21-уми октябри соли 2022, дар як садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе – Бохтар  бар асари ба мошини боркаш бархӯрдани мошини сабукрави “Мерседес” ронандаи мошини сабукрав ва ду мусофираш ҷон бохтанд, Қурбониёни ин садама ҳамагӣ аз 26 то 28 сол доштанд.

Бино ба иттилои ВКД, нимаи дуюми 21 октябр, тахминан соати 17:35, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Дурманов Абдулло Ҷумъаевич, соли тавалудаш 1994, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Ҳова”, таҳти идораи Муҳаммадиев Дӯстмурод Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини пойтахт бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Мерседес” Дурманов А.Ҷ. ва мусофиронаш; Бегназаров Муҳаммад Исматуллович, соли таваллудаш 1996 ва Қаландаров Нурулло Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1995, ҳарду сокинони ноҳияи Хуросон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Нисбат ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Parviz TV як видеоро аз маҳалли ин садамаи пурқурбонӣ нашр кардааст:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button