ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АМАЛИЁТИ НАҶОТИ ЯК ГУРБАИ ДАР ЧОҲ ДАРМОНДА ДАР ДУШАНБЕ (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи як ҳодиса ҷолиби наҷоти як гурба аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар шаҳри Душанбе хабар дод.

 “Наҷотбахшону Кумита алакай чандин бор қаҳрамони ҳолатҳои наҷоти ҷонварон шудаанд. Ҳарчанд вазифаи асосии онҳо наҷоти одамон аст, вале расидан ба кумаки ҷонварони муҳтоҷи кумак низ камоли одамгарист”,  – менависад маркази матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Бино ба хабари ин ниҳод, шаби 21 октябри соли 2022, соати 22:30, кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе бо дархости як зани сокини пойтахти Тоҷикистон барои наҷоти гурбаи ӯ шитофтаанд.  Ин гурба аз як сӯрохи танг вориди чоҳи селпарто шуда, дар онҷо дармондааст ва дигар мустақилона баромада натавонистааст.  Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса омада, дари чоҳи селпарторо кушоданд ва гурбаи дар ин банд батангомадаро, ки  худаш ба рӯи дастони наҷотбахшонаш меҷаҳид, аз чоҳ берун оварданд ва ба дасти соҳибаш супурданд. Хурсандии гурбаву соҳибашро ҳадду канор набуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button