ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ВУРУДИ МОШИНҲОИ МУСОФИРБАРУ БОРКАШ АЗ СУҒД БА ДУШАНБЕ МАМНӮЪ ШУД

Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тамоми мошинҳои боркашу мусофирбар бояд дар терминали “Чорбоғ” таваққуф кунанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои қарори хоса вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард. Дар ин бора Ҷамшед Олимзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, , аз рӯзи 21-уми октябри соли 2022, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд. Терминали мазкур дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бунёд гардидааст.

Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.


Ин муқаррарот ба мошинҳои калонҳаҷм низ дахл дорад ва минбаъд онҳо низ наметавонанд вориди Душанбе гарданд.

Сабаби иқдоми мазкурро Ҷамшед Олимзода кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе намид.


Тибқи қарори нави раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунин, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №52, №19 ва хатсайрҳои автобусии №3, №29 ва №41 аз терминали “Маром” ба терминали “Чорбоғ” иваз карда шудааст.

Дар робита ба ин, шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин, ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хоҳиш мекунад, ки минбаъд аз хидматрасонии терминали “Чорбоғ” истифода намоянд.

Манбаъ: Аsia Рlus

ИЛОВА: Дар шаҳрдории Душанбе гуфтаанд, ки терминали “Чорбоғ” ба як ширкати хусусӣ тааллуқ дорад, вале нагуфтанд, ки соҳиби ин ширкат кист? Нархномаи терминали нав барои воситаҳои нақлиёт низ ҳанӯз маълум нест, ки аз терминали “Маром” чӣ қадар фарқ мекунад? Маълум кардани исми молики терминали нави “Чорбоғ” ҳанӯз муяссар нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button