ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ҚИРҒИЗИСТОН ДОДАНИ СИЛОҲ БА СОКИНОНИ БОДКАНДУ ӮШ ВА МОБИЛИЗАТСИЯИ АҲОЛӢ ИҶОЗАТ ДОД

Вакилони Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон рӯзи 20 октябри соли 2022 дар ҷаласаи худ якбора дар 3 қироат тарҳи қонунеро қабул карданд, ки “дар ҳолатҳои вижа” ба сокинони манотиқи марзии вилоятҳои Бодканду Ӯш додани силоҳро иҷозат медиҳад. Аз ин пешниҳод 63 вакил пуштибонӣ карда ва танҳо 3 нафар зид овоз додаанд. Баррасии ин тарҳи қонун дар паарлумони Қирғизистон то рӯзи охирин пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Дар умум ба 4 қонун, аз ҷумла қонуни мобилизатсяи, қонуни уҳдадории ҳарбӣ,  қонуни силоҳ ва қонуни маъмурони манотиқи марзӣ тағйироте ворид карда шуд, ки басиҷсозӣ ё мобилизатсияи ихтиёрии сокинони манотиқи ҳаммарз бо Ӯзбекистону Тоҷикистон дар вилоятҳои Бодканду Ӯшро дар ҷараёни муноқишаҳои марзӣ иҷозат дода, тартиби додан ва нигоҳ доштани силоҳро барои сокинони ин манотиқ хеле содатар мекунад.

Намояндаи шуъбаи робита бо ҷомиа ва матбуоти парлумони Қирғизистон гуфт: “Вакилон рӯзи 20 октябрдар қироати сеюм тарҳи қонун “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба бархе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи иқтидори мудофиавиро қабул карданд”.

Дар санади тавҷеҳӣ (справка-обоснование) гуфта мешавад, ки  як ҳадафи асосии ин тағйирот  “танзими ҳуқуқии масоили марбут ба додани иҷозат ба харидорӣ,  нигоҳ доштан ва истифоаи силоҳи оташфишон буда”, бо қабули ин қонун маҳдудиятҳои мавҷуда барои ин аз байн бурда мешаванд. Ҳамин тавр, тағйирот ба қонун маҳдудияти синну солро дар масъалаи мобилизатсия “дар шароити зарурати мудофиа ва ҳимояти минтақаҳои марзии вилоятҳои Бодканд ва Ӯш” аз байн мебарад. Синни ҳадди ақал барои мобилизатся 18 боқӣ мондааст, вале дар мавриди синни ҳадди аксар дигар ягон маҳдудият боқӣ намондааст.

Дар пайи муноқишаи ахири рӯзҳои  14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф беш аз 130 кушта ва беш аз 400 захмӣ ба ҷо гузошт,  вакили Жогорку Кенеш Улан Бақасов тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки тақсими силоҳ дар байни сокинони манотиқи марзиро иҷозат медиҳад. Ин тарҳи қонун дар маърази муҳокимаи умумӣ гузошта шуд.

Дар аввали моҳи октябр кумитаҳои парлумони Қирғизистон аз ин пешниҳод пуштибонӣ карданд.

Вакили Жогорку Кенеш Марлен Маматалиев гуфта буд, ки ин қонун бо дархости сокинони минтақаҳои марзӣ таҳия шудааст:  “Баъди ҳаводиси Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбатҳо доштем. Онҳо хостанд, ки ба сокинон имкони басиҷи ихтиёрӣ дода шуда, маҳдудиятҳои марбут ба синну сол аз байн бардошта шаванд. Дар он ҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки шикорчиянд, омодагии ҳарбӣ доранд. Ҳамчунин мо пешниҳод дорем, ки ба қонуни силоҳ тағйирот ворид карда, дар бархе ҳолатҳо бидуни ба инобат гирифтани собиқа ҳам ба аҳолии ин манотиқ силоҳ дода шавад. Ин ба маъное нест, ба ҳама ва даррав силоҳ бидиҳанд. Тартиби додани силоҳро бояд ВКД муайян кунад. Ҳамту бе пурсиш силоҳро дар байни мардум тақсим нахоҳанд кард”.

Моҳи майи соли 2021, дар пайи муноқишаи қаблии хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки 55 кушта (36 нафар аз тарафи Қирғизистон ва 19 нафар аз тарафи Тоҷикистон) ва беш аз 240 захмӣ ба ҷо гузошт, як гуруҳи вакилони парлумони Қирғизистон алакай айни пешниҳоди ба сокинони манотиқи марзӣ тақсим кардани силоҳро дар байн гузошта буданд. Ин вакилон мегуфтанд, тақсими силоҳ ба сокинон аз ҳолатҳои таарруз ба якпорчагии қаламрави Қирғизистон пешгирӣ карда, ба ҳифзи хубтари марзҳои ин кишвар мусоидат хоҳад кард. Вале як сол пеш ин пешниҳоди тақсими силоҳ дар байни аҳолӣ дар ниҳоят пазируфта нашуд.

Муноқишаи ахир боис шуд, ки вакилони парлумони Қирғизистон дигарбора ба баррасии ин пешниҳоди зиддункқиз баргарданд.

Ёдовар мешавем, дар пайи муноқишаи хунини мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷониби Қирғизистон аз 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ аз тарафи худ хабар дод ва Тоҷикистон аз ҳалокати 59 нафар ва ҷароҳат бардоштани 234 нафар. Вале журналистони тоҷик то имрӯз рӯйхатти беш аз 80 қурбонии муноқишаи ахирро нашр кардаанд. Ҳарду тараф дар оғози муноқишаи моҳи сентябр якдигарро айбдор мекунанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, ҳудуди 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд ва марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлак  нуқтаҳои аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд. Вале дар ҷараёни муноқишаи моҳи сентябр дар марзи вилояти Ӯш бо ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) низ задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button