ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

“ГИРИФТАНИ ПУЛИ ХАЙРИЯ”. ИТТИҲОМИ НАВ ДАР ПАРВАНДАИ ОРАЗ ВАЗИРБЕКОВ (ВИДЕО)


Ба парвандаи Ораз Вазирбеков, фаъоли бадахшонӣ дар Русия, ки чаҳор моҳ пеш дар шароити мармуз дар Тоҷикистон дастгир шуд, иттиҳоми нав илова кардаанд. Пайвандонаш рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин дафъа ӯ ба “азхудкунии маблағ” гумонбар аст. Мақомот иттиҳоми нави Вазирбековро шарҳ намедиҳанд.

Ораз Вазирбеков баъд аз боздошташ бар асоси қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (тундгароӣ бо истифода аз Интернет) муттаҳам шуда буд. Яке аз шахсони наздикаш рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ ӯро барои аз худ кардани пулҳое муттаҳам кардаанд, ки сокинони Бадахшон ба оилаҳои осебдидаи амалиёти соли 2012 аз хориҷ фиристода буданд.

Он замон Вазирбеков дар Бадахшон мезист ва раиси маҳаллаи “УПД” ё “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ будааст. Ба гуфтаи наздикон, воқеан, ӯ ҳамроҳи чеҳраҳои дигари бонуфузи шаҳр дар ҷамъоварӣ ва тақсими маблағ ба мардуми осебдида кумак мерасонд, “вале пули мардумро нагирифтааст”.

Мақомот ҳозир нашуданд, дар бораи тағйирот дар парвандаи Ораз Вазирбеков ба Радиои Озодӣ маълумот диҳанд. Пайвандони фаъоли бадахшонӣ ӯро бегуноҳ медонанд ва аз илова шудани иттиҳоми нав дар парвандааш нигаронанд.

“Мо намедонем, ба хотири чӣ мақомот ба ҳар роҳе мехоҳанд, боз як моддаи дигарро ба гарданаш бор кунанд. Гуфтаанд, ки гӯё маблағро гирифту ҷарроҳӣ кард. Ин як туҳмат аст,” — гуфт яке аз хешовандони Вазирбеков ба Радиои Озодӣ.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳафтае пеш хоҳари Ораз Вазирбеков дар боздоштгоҳ ва дар ҳузури намояндагони мақомот бо ӯ мулоқот кардааст. Вазирбеков аз чизе шикоят накарда, аммо ба нақли хоҳараш, “сахт лоғар шудааст”.

Ораз Вазирбеков ҳамроҳи фаъоли дигари бадахшонӣ, Рамзӣ Вазирбеков, охири моҳи июли имсол дар Русия нопадид шуда, дертар дар Тоҷикистон аз худ дарак доданд. Онҳо дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, гуфтанд, “ихтиёрӣ баргаштанд”, аммо наздиконашон мегӯянд, ин ҳама саҳнасозӣ буд“.

Ин ду фаъоли бадахшонӣ бо назарҳои танқидияшон дар бораи мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шуда буданд. Наздикони онҳо қаблан шикоят карда буданд, ки Ораз ва Рамзӣ вакили мудофеи давлатӣ доранд, аммо вазъро бозгӯ намекунанд.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони мадании бадахшониро дастгир ва ба иттилои Додситонии кул то 77 нафарро ҷазо додаанд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот беасос аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои чунин рафтор сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) чанде пеш аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои ба гуфтаи созмон ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.

Мақомот пайваста гуфтаанд, ки аъзои гуруҳҳои ҷиноиро дар Бадахшон аз байн бурда, тарафдорони онҳоро дастгир карданд. Чизе, ки фаъолон қабул надоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button