ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ “МЕРСЕДЕС” ДАР МАҲМАДШОҲИ ПОЁН ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 4 МОШИН

Рӯзи 19-уми октябр, соати 17:20, дар роҳи деҳаи Маҳмадшоҳи поёни ноҳияи Рӯдакӣ бар асари ба дарахтони канори роҳ бархӯрдани як мошини тамғаи “Мерседес”, ронандаи 35-солаи ин мошин ба ҳалокат расида, ду мусофири он: зани 34-сола ва духтари 14-сола маҷруҳ шудаанд. Ҳам ронанда ва ҳам мусофиронаш сокинони ноҳияи Рӯдакианд.

хххххххххх

Сокини 50-солаи Ҳисор ба он айбдор мешавад, ки худашро соҳибкор муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб се мошини як сокини Душанберо 305 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 30 ҳазор доллар) нарх карда, гирифтааст, вале пули мошинҳоро барои пардохти қарзҳои дигараш сарф карда, ба сокини Душанбе то имрӯз танҳо 65 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 29-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии як сокини пойтахт даромада, аз ӯ бо ваъдаи аз хориҷа барояш овардани мошини “Тойота Кемри” 210 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор доллар) гирифтааст, вале пулҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол сокини пойтахтро фиреб дода гаштааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 21 октябри соли 2022

Ҳалокати ронанда дар ҳодисаи нақлиётӣ

1

19-уми октябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Холов Маҳмадамин Идибекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Маҳмадшоҳи поёни ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада аз роҳи мошингард баромада, ба дарахтони сабзи нимаи чапи роҳ бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронанда Холов М. ба ҳалокат расида, мусофирони он Таурова Шаҳноза Довудбековна, соли таваллудаш 1988 ва ноболиғ Холова Оиша Маҳмадаминовна, соли таваллудаш 2008, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ба даст афтодани қаллобони мардумфиреб

032

Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 38-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 50-солаи сокини шаҳри Ҳисор, худашро соҳибкор ва тоҷир муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи ривоҷ додани тиҷораташ аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Порш-Кайен», арзишаш 120 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Соната», арзишаш 130 ҳазор сомонӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Лабо», арзишаш 55 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 305 ҳазор сомониро, гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ маблағи автомобилҳоро бармегардонад. Аммо автомобилҳои гирифтаро бар ивази қарзҳояш ба дигар нафарон дода, ҳамагӣ як маротиба 65 ҳазор сомонӣ дода, боқимонда маблағи 240 ҳазор сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 210 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷа ба ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» оварда медиҳад, аммо номбурда маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button