ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ПУТИН ТУҲФАҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА 6 ЯТИМХОНАИ ПЕТЕРБУРГ ТАҚДИМ КАРДААСТ (ВИДЕО)

Раёсати коргузории президенти Русия дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” хабар дод, ки тамоми меваҳоеро, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун туҳфа аз Тоҷикистон ба ҷашни 70-солагии президенти Русия Владимир Путин оварда буд, ба ятимхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург тақдим кардаанд.Барои интиқоли ин туҳфаҳо 6 мошини боркаш лозим шудааст!

“7 октябри соли 2022 дар қасри Константини Раёсати коргузории президенти ФР нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои СНГ доир шуд. Ин нишаст дар рӯзи ҷашни президенти Русия В.В.Путин иттифоқ уфтод. Раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Владимир Владимирович туҳфаҳои ғайриоддӣ – меваҷоти экзотикие, ки аз кишвараш оварда буд, тақдим кард. 6 мошини боркаши пур аз туҳфаҳои тоҷикӣ ба ятимхонаҳои Санкт-Петербург тақдим карда шуд. Барои шогирдони ин ятимхонаҳо ин як туҳфаи ширину муфид шуд “, – хабар додааст Раёсати коргузории президенти Русия. Ин идора видеоеро низ нашр кардааст, ки чӣ гуна шогирдони яке аз ятимхонаҳо барои ин туҳфаҳои бомазза изҳори сипос мекунанд.

Сухангӯи Раёсати коргузории президенти Русия Елена Крилова гуфтааст, ки меваҳои Тоҷикистонро бо супориши Путин ба 6 ятимхонаи Петербург тақсим кардаанд ва барои интиқоли онҳо 6 мошини боркаш истифода шудааст.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 7 октябри соли 2022, дар рӯзе, ки президенти Русия Владимир Путин ба синни 70 расид, дар қасри Константини шаҳри Санкт Петербург нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СНГ доир шуд.  Сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфта буд, ки мақсад аз ин нишаст таҷлили 70-солагии президенти Русия нест, вале президентҳои СНГ, ки Путинро дер боз мешиносанду аз зодрӯзаш хабар доранд, ҳатман ӯро бо истифода аз фурсат табрик хоҳанд кард.

Ҳарчанд Кремл мегуфт, ки ин нишаст рабти мустақиме ба ҷашни Путин надорад, вале рӯзномаи аз масоили муҳим ории нишасти Петербург нишон медод, ки ҳадафи асосӣ аз ин нишастану гуфтану бархостан шахсан барои табрики Путин расидани президентҳои зери нуфузи ӯст.

Аз 10 кишвари узви СНГ танҳо 2 президенти Қирғизистону Молдова Содир Ҷабборов ва Майя Санду ба Петербург ба табрики Путин наомаданд.

То ин соат ба Путин чӣ туҳфа кардани ду президент маълум шудааст.

Бино ба хабарҳо, президенти Беларус Александр Лукашенко ба Путин ба муносибати 70-солагиаш трактори тамғаи “Беларус 1523.3” туҳфа кардааст. Вале туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон аз тирезаи қасри Константин ба чашм мерасид ва расонаҳо видеои онро ҳам нашр карданд. Маълум шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои табрики Путин бо худ ба Петербург як ҳавопаймо тарбузу харбуза бурдааст ва аз ин полезиҳои бурдаи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии қасри Константин ду пирамида ё манораи бузурге яке аз тарбуз ва якеи дигар аз харбуза сохтаанд ва аз меваҳои дигар дар канори ин ду манораи тарбузу харбуза қолини мевагӣ “густурдаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Душанбе низ ба муносибати меҳмонони баландпояаш дуруст кардани чунин пирамидаҳо аз меваву сабзавоти гуногунро хуш дорад ва моҳи июни соли ҷорӣ, вақте Путин аз Тоҷикистон боздид кард, барои ӯ ҳам аз меваву сабзавоти Тоҷикистон чандин чунин манораву фаввора сохта буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба синн аз Путин ҳамагӣ ду рӯз калонтар буда, рӯзи 5 октябри соли 2022 ба синни 70 расид. Путин, ки соли 2012 дар 60-солагии Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба Душанбе омада, ба ӯ як камони снайперӣ туҳфа карда, буд, ин дафъа рӯзи 4 октябри соли 2022, дар арафаи ҷашни 70-солагии президенти Тоҷикистон ӯро бо ордени “Барои хидматҳо барои Ватан” дараҷаи III  (орден “За заслуги перед Отечеством” III степени) қадрдонӣ кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button