ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПЕШ АЗ МУЛОҚОТАШОН БО ПУТИН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН САЛОМ НАКАРД (ВИДЕО)

Рӯзи 13 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов доир шуд. Дар видеои кӯтоҳе, ки хабаргузории РИА Новости нашр кард, дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон  ва Содир Ҷабборов бар хилофи протокол, пеш аз шурӯи мулоқот бо якдигар бо даст салом накарданд. Дар сабт дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон намоишкорона аз назди президенти Қирғизистон гузашта, ба мизи музокирот наздик мешавад ва танҳо бо Путин салом карда, паси курсии худ менишинад.

Ба ҳам салом накардани ду президентро низ ҳама баёнгари то чӣ ҳад боло рафтани сатҳи таниш дар равобити Душанбе ва Бишкек маънидод мекунанд.

Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки дар мулоқот вазирони хориҷаи Русияву Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҳам иштирок доштаанд.

Мулоқоти сеҷониба дар Остона бо ташаббуси Путин дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Даргириҳои моҳи сентябр бо беш аз 130 куштаю наздики 450 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Путин дар оғози мулоқоти сеҷониба Тоҷикистону Қирғизистонро шарикони стратегии наздики Русия дар минтақа ном бурд ва ёдовар шуд, ки тақрибан 2 миллион зодаи Тоҷикистон ва ҳудуди як миллион шаҳрванди Қирғизистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия меоянд.

Тафсилоти дигари ин мулоқоти сеҷониба, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, ва тавофуқоти дар он бадастомада ҳанӯз маълум нест.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар бораи мулоқоти Остона танҳо ин чанд ҷумлаи хушки протоколиро хабар додаасту бас:

“Дар мулоқот сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд. Зимни вохӯрӣ раванди гуфтушунидҳо оид ба делиметатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.”

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон 13.10.2022

Тавре қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ба журналистон хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе, 13 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона бо президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон як мулоқоти сеҷониба барпо мекунад.

Таваҷҷуҳ асосан ба вазъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон равона хоҳад шуд. Мо ҳар сари чанд вайт шиддат гирифтани вазъ дар ин марзро бо ташвиш қабул мекунем “, – иқтибос оварда буд аз суханони намояндаи расмии Кремл  хабаргузории русии ТАСС.

Ушаков  таъқид кардааст, ки Маскав ҳар навъ таниш байни иттифоқчиёнаш дар ОДКБро  манфӣ баҳо медиҳад. “Мо бар инем, чун ҳар навъ чунин муноқиша ё танишро бадхоҳон метавонанд барои боз ҳам бештар ба ҳам задани вазъ дар минтақа истифода кунанд. Мо тарафдорони фақат ва фақат бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал кардани мушкилотем “, – изҳор дошт ёвари Путин.

Юрий Ушаков афзуд,  ки Русия омода ҳаст  ба ҳар сурати барои Бишкек ва Душанбе мақбул, аз ҷумла дар раванди таъйину аломатгузории марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад. Ӯ гуфт, Русия дар мисоли ташхиси марзҳояш бо Қазоқистон дар ин бобат таҷрибаи хуб дорад.

Ёвари Путин гуфт, ки ӯ дар Остона ба ҳамтоёни қирғизу тоҷикаш пешниҳод хоҳад кард, ки дар оянда машваратҳои гуруҳҳои корӣ пиромуни масоили марзӣ низ ба сурати сеҷониба бо иштироки Русия доир карда шаванд. Ӯ гуфт, “Русия ҳамеша тайёр аст, ки ба ин раванд фаъолона бипайвандад”.

Ин пешниҳод амалан маънои ба ҳайси миёнарав ба баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ шудани Русия аст. Чизе ки Маскав чанд сол боз пешниҳод мекард.

Пешниҳоди миёнаравии Русия  барои ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи ин ду кишвар садо дод. Даргириҳои моҳи сентябр бо беш аз 130 куштаю наздики 450 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад. Қирғизистон аз ҳалокати 63 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 200 нафар хабар дод, Тоҷикистон ҳалокати 59 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 234 нафари дигарро аз тарафи худ тасдиқ кардааст. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи ин муноқиша айбдор мекунанд.  Дар ду соли охири 2021 ва 2022 муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон наздики 200 кушта ва беш аз 750 захмӣ ба ҷо гузоштаанд.

Дар пайи даргириҳои ахир роҳбарони Қирғизистон ранҷиши худро аз Русия ва созмони зери назорати Маскав ОДКБ дар робита ба ин ҳаводис пинҳон намекарданд.

Аз ҷумла рӯзи 16 сентябр, дар рӯзи авҷи даргириҳо дар марз, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба мулоқот бо Владимир Путин, ки дар Самарқанд дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай доир шуд, бо чанд дақиқа таъхир дертар омад. Чунин дер омадан ба мулоқоти президентҳо дар урфи дипломатӣ бисёр вақт ҳамчун як ҳила ё васила барои намоиши озурдагии як ҷониб аз ҷониби дигар истифода мешавад.

Рӯзи 10 октябр бошад Қирғизистон аз баргузории машқҳои ҳарбии созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар қаламрави худ даст кашид. Ин машқҳои фармондеҳию ситодӣ таҳти унвони “Нерушимое братство-2022” (“Бародарии шикастнопазир-2022”) мебоист аз 10 то 14 октябр сурат мегирифтанд. Вазорати мудофиаи Қирғизистон гуфт, тасмими лағви машқҳои ОДКБ барвақт гирифта шуда буд, вале рӯзе баъд муовини сарвазири ин кишвар Эдил Байсалов тасдиқ кард, ки сабаби лағви машқҳо ҳаводиси ахир дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон буд.

Рӯзи 12 октябр ба ин далел сафири Қирғизистон дар Маскав Гулнора-Клара Саматоваро “барои баррасии масоили марбут ба иштироки Бишкек дар фаъолиятҳои ОДКБ” ба вазорати хориҷаи Русия даъват кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button