ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

АЗ ЯК МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ ХУҶАНД – КРАСНОЯРСК 40 ТАҶҲИЗОТИ САРТАРОШӢ ЁФТААНД (АКС)

Хадамоти матбуоти боҷхона ё гумруки минтақаи Красноярски Русия хабар дод, ки кормандони боҷхона дар фурудгоҳи шаҳри Красноярск аз бағочи як мусофире, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон омада буд, миқдори бузурги таҷҳизоти сартароширо пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин мусофир мехост чунин теъдоди зиёди таҷҳизоти сартароширо бидуни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва пардохти боҷу хироҷ ба қаламрави Русия ворид кунад.

Бино ба иттилои нашршуда, як марди сисола аз Хуҷанд барои вуруд ба Русия аз роҳрави сабз истифода карда, бо ҳамин эълом кардааст, ки чизе барои нишон додан ба кормандони боҷхона надорад. Вале кормандони боҷхона ҳангоми тафтиши бағочи ин мусофир  дар ҷомадонаш беш аз 40 таҷҳизоти сартарошӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои сартарошак, чанд фен, миқрозу шонаҳои гуногун пайдо кардаанд.

Ин мусофир гуфтааст, ки ин ҳама молҳоро барои ҷои кораш мебурд. Ӯ дар Красноярск дар як толори зебоӣ ба ҳайси сартарош кор мекардааст.

Ба ӯ барои кӯшиши қочоқи мол ба Русия ҷаримаи маъмурӣ таҳдид мекунад.  Таҷҳизоти сартарошии аз ин мусофир гирифташударо шояд баъдан мусодира ҳам кунанд.

Садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Русия ба ҳайси сартарош кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button