ВидеоҲуқуқи инсон

АЙБДОРКУНАНДАИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ДАЛЕРИ ЭМОМАЛӢ 10,5 СОЛИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРДААСТ

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12 октябри соли 2022 аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои журналист ва блогери ҷавони тоҷик Далер Бобиев, ки бо тахаллуси Далери Имомалӣ маъруф аст, ҳамчун ҷазо 10 солу 6 моҳи зиндон талаб кардааст.  Дар ин бора  Радиои Озодӣ бо истинод ба як манбаи огоҳ хабар дод.  

“Мурофиаи Далер ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Додситон талаби худро эълон кард ва дар мурофиаи оянда Далер сухани охиринро ироа мекунад. Баъд аз он додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад,” – хабар додааст манбаъ.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур  таҳти раёсати додрас Даврон Назарзода тоза рӯзи 7 октябр ба баррасии парвандаи Далери Имомалӣ оғоз кард ва талаби 10,5 соли зиндон барои ӯ алакай дар рӯзи дуюми мурофиа садо додааст.

Далери Имомалӣ, ки рӯзи 15 июни соли 2022 ҳамроҳ бо ҳамкораш Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар пайи нашри силсилаи гузоришҳои видеоӣ бо интиқод аз додситон ва дигар раҳбарони ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуд, ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад. Далери Имомалӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо  танҳо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро эътироф кардааст, вале ҳамкориро бо созмонҳои мамнӯъ  рад карда буд. “Гуруҳи 24” ва ҲНИТ, ду созмони оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ низ ба онҳо ягон навъ ҳамкорӣ доштани Далери Имомалӣ ва дигар журналистони дар моҳҳои охир дар Тоҷикистон ҳабсшударо рад мекунанд.

Тафтиши пешакии парвандаи Далери Имомалӣ моҳи сентябр ба анҷом расид. Адвокати шинохта Абдураҳмон Шарипов, ки тайи 3 моҳ аз Далери Имомалӣ ҳимоят мекард, як моҳ қабл хабар дод, ки Далери Имомалӣ адвокати дигар гирифтааст ва бо ҳамин, ӯ дигар ба ҳайси вакили ин журналист дар мурофиаи парвандааш иҳштирок намекунад.

Далери Имомалӣ, ҳунарпеша, журналист ва блогери мустақил, рӯзи 15 июни соли 2022 дар пайи нашри силсилаи видеоҳо дар бораи тахриби хонаҳои мардум дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ба ҳабс гирифта шуд. Худи ҳамон рӯз мақомоти ноҳияи Шоҳмансур бо баҳонаи гӯё ба корманди милиса “зӯроварӣ” нишон доданаш журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки дар таҳияи видеоҳо ба Далери Имомалӣ кумак мерасонд, низ ба ҳабс гирифтанд.

Танҳо баъди беш аз як моҳи ҳабсаш, мақомот хабар доданд, ки Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, нашри хабари дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад.  Иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ дар баробари “зӯроварӣ” ва “таҳқири намояндаи давлат” ба айбномаи ҳамкори Далер Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ афзуда шудааст. “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ду созмони оппозитсионии фаъолияташон феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ изҳор доштанд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳеҷ кадоми дигар аз журналистҳои ахиран дар Тоҷикистон ҳабсшуда узви онҳо набуданд ва ҳамкорие ҳам надоштанд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо нашри видеоҳо дар мавзӯъҳои доғи Тоҷикистон мухлису тамошобини зиёд пайдо карда буданд. Канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қабл аз ҳабсаш алакай 150 ҳазор обуначӣ гирд оварда буд ва ҳар видеои таҳиякардаи ӯву Ғурбатиро дар ин канал ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ садҳо ҳазор нафар тамошо мекарданд.

Аз миёнаҳои моҳи май  ба ин тараф мақомоти Тоҷикистон дастикам 12 журналисту блогер, аз ҷумла 6 зодаи Бадахшонро ба ҳабс гирифтаанд. Аз ин шумор Муҳаммади Султон алакай ба 7 соли зиндон ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудаанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ва ҳомии озодии матбуот, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, мутахаллис ба Хушом Гулямро озод карда, ба таъқиби журналистон ва кӯшишҳои бо таҳдиду тарсу ба зиндон андохтан бастани даҳони матбуот хотима диҳанд. Душанбе ба ин даъватҳо то ҳол вокунише накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button