ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПУТИН БО РАҲМОН ВА ЖАПАРОВ: МАВЗӮИ АСОСӢ ВАЗЪИ МАРЗ БУД

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 18 сентябри соли 2022  бо президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) суҳбатҳои алоҳидаи телефонӣ анҷом додааст. Бино ба гузориши дафтарҳои матбуотии Раҳмон ва Ҷабборов, як мавзӯи асосӣ дар ин суҳбатҳои телефонӣ вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки рӯзи 16 сентябр бар асари задухӯрдҳои шадиди мусаллаҳона дар ин марз даҳҳо нафар кушта шуданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҷараёни ин суҳбат “дар идомаи муколамаи мунтазами онҳо бархе масоили доғи равобити дуҷониба дар чорчӯби мушорикати стратегиро баррасӣ карданд”.

Бино ба ин манбаъ, “дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо масоили рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ дар иртибот ба вазъи пешомада дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон қарор дошт”.

Хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ӯ бо Путин ҳамчунин паҳлуҳои дигари таъмини амнияти минтақа, аз ҷумла масоили Афғонистон ва ҳам ҷадвали замонӣ ва рӯзномаи чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар миён гузоштаанд.

Душанбе дар ин бора тафсилоти аз ин бештар надодааст, вале қаблан манобеи гуногун хабар дода буданд, ки рӯзҳои наздик Путин бо сафари инак дуюмаш дар се моҳи охир вориди Тоҷикистон мешавад, то ки Эмомалӣ Раҳмонро бо 70-солагиаш шахсан табрик гуфта, ба писари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ барои нишастан ба курсии президентии падараш фотиҳа бидиҳад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ ва Путин ҳамагӣ ду рӯз баъди ӯ, 7 октябр ба синни 70 мерасанд.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 18 сентябр раҳбари ин кишвар Содир Ҷабборов низ бо Владимир Путин дар як гуфтугӯи телефонӣ масоили марбут ба муноқишаи ахири мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад: “Раҳбарони кишварҳо  вазъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Содир Ҷабборов ба Владимир Путин дар бораи вазъи кунунӣ, шумораи кушташудаҳо ва осебдидагон аз ҷониби Қирғизистон,  дар ҷараёни задухӯрдҳо тахриб шудани иншооти мулкию иҷтимоӣ дар деҳаҳои наздимарзии вилояти Бодканди Қирғизистон маълумот дод”.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон афзуд, ки ҳарду ҷониб ба  зарурат ва аҳамияти  ҳарчӣ зудтар ва танҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал кардани вазъи буҳронии байни Қирғизистону Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button