ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 19 СЕНТЯБР ДАР ҚИРҒИЗИСТОН РӮЗИ МОТАМИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН ШУД. ОЁ ДАР ТОҶИКИСТОН НИЗ РӮЗИ МОТАМ ЭЪЛОН МЕКУНАНД?

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) ба фармоне имзо гузошт, ки тибқи он, 19 сентябри соли 2022 дар саросари он ҷумҳурӣ Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шуд. Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон гуфт, Рӯзи мотами миллӣ ба ёди шаҳрвандони дар ҷараёни муноқишаҳои хунини ахир дар марз бо Тоҷикистон кушта шуда эълон шудааст. Тибқи фармон, дар ин рӯз дар саросари Қирғизистон, ҳамчунин дар муассисаҳои дипломатии ин кишвар дар хориҷа парчамҳои давоатии Қирғизистонро пойин меоранд ва ба муассисаҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои радиоиву телевизионӣ тавсия дода шудааст, ки тамоми барномаҳову чорабиниҳои тафреҳиро бекор кунанд.

Бино ба охирин омори вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ҷараёни задухӯрдҳо дар марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта ва 129 нафар захмӣ шуданд.

Тоҷикистон то кунун ягон маълумоти расмие дар бораи талафоти худ нашр накардааст, вале манобеи ғайрирасмӣ дар бораи даҳҳо куштаю захмӣ хабар медиҳанд. Аз ҷумла манобеи Радиои Озодӣ шумораи кушташудаҳо аз тарафи Тоҷикистон дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-16 сентябрро 39 нафар гуфтаанд. Аксари қурбонён, мутаассифона, сокинони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон мебошанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар Тоҷикистон низ ба ёди қурбониёни муноқишаи марзӣ Рӯзи мотами миллӣ эълон мекунанд ё на? Дар гузашта дар пайи чунин муноқишаҳои пурқурбонӣ, ҳатто баъди муноқишаи поёни моҳи апрели соли 2021, ки тарафи Тоҷикистон 19 кушта ва ҷониби Қирғизистон 36 кушта дод, дар Тоҷикистон рӯзи мотам эълон нашуд.

Ин дафъа чанд рӯз боз сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот тақозо доранд, то ба ёди қурбониёни муноқишаи ахир Рӯзи мотами миллӣ эълон кунанд. Аз ҷумла  рӯзи 18 сентябр адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустам дар саҳифааш дар Фейсбук чунин пешниҳод кард: “Аз ҳукумат мехоҳем рӯзи душанбеи 19 сентябр дар тамоми маҳдудаи кишвар ба сабаби марги фарзандони тоҷик аз дасти таҷовузгарони қирғиз Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад! Хуни фарзандони тоҷик беарзиш нест! Агар ҳукумат ба ин пешниҳод беэътиноӣ бикунад, мо худ ҳар кадом бояд дар хонаҳоямон маросими дуо ба руҳи кушташудагон баргузор кунем! Барномаҳои тафреҳӣ ва рақсу суруди телевизионҳоро тамошо накунем! Ва ба унвони душманонамон нафрину лаънат равона намоем! Ҳар ки аз ин пешниҳод ҷонидорӣ мекунад, хоҳиш мекунам ин матнро дар сафҳаи худ ҳамрасонӣ бикунад, то шумораи бештари ҳамватанонам огоҳ бишаванд!

Ин ташаббуси Абдуқодири Рустам дар байни корбарон ҳамовозии зиёд пайдо кард, вале мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин пешниҳод ягон вокуниш накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button