ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

4 СОКИНИ ЛАХШ ДАР ҲАМЛАИ НИРӮҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН ЗАХМӢ ШУДААНД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари щамлаи нирӯҳои Қирғизистон ба сӯи хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон  4 сокини ин деҳа захмӣ ва 3 манзили истиқоматӣ тахриб шудаанд.

Дар изҳороти марзбонони тоҷик чунин гуфта мешавад?

“Қувваҳои низомии Ҷумҳурии Қирғизистон шарту талаботҳои оташбаси эълоншударо нодида гирифта, 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд. Дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд.

Соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд.

Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Соати 19:00-и бегоҳ ду ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд.

 Аммо вазъият дар хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи мазкур мураккаб боқӣ мемонад”.

Ва аммо Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон ба навбати худ ҷониби Тоҷикистонро ба вайрон кардани оташбас айбдор мекунад ва иддао дорад, ки  тирпаррониро дар марзи Лахш бо Ӯш аввал ҷониби Тоҷикистон сар кардааст.

 “Соати 12:37 (11:37 ба вақти Душанбе – «Бомдод») ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз миномётҳо ва тӯпхонаҳо  мавқеъҳои марзбонони қирғизро дар деҳаҳои Тешик-Тош, Қарамиқ ва Қаровул- теппаи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш тирборон кард.  Воҳидҳои марзбонии Қирғизистон оташи ҷавобӣ кушоданд, вале ба хотири роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъ низомиёни Қирғизистон ба сурати якҷониба тирпаррониро қатъ карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи марзбонони Қирғизистон.

Ташаннуҷи вазъ дар марзи ноҳияи Лахш бо ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯши Қирғизистон дар пайи задухӯрдҳои шадиди рӯзи 16  сентябр дар марзи вилояти Суғд бо вилояти Бодканд аст, ки аз ҳарду тараф даҳҳо кушта ба ҷо гузошт.

Қирғизистон ҳалокати 24 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 тани дигарро тасдиқ кардааст. Ҷониби Тоҷикистон дар бораи талафоташ то ҳол ягон маълумоти расмӣ нашр накардааст, вале бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, аз тарафи Тоҷикистон дастикам 39 нафар кушта шудаанд. Рӯзи 17 сентябр дар Исфара маросими дафни қурбониён баргузор шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button