ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ 4,9-БАЛЛӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

Шабакаи истгоҳҳои зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон “СОМЭ” хабар дод, ки  шаби 9 сентябри соли 2022, соати 02:29  ба вақти АлмаАто (01:29 ба вақти Тоҷикистон) дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар умқи 5 километр заминларза рух додааст. Шиддати ин офати табиӣ дар марказаш (39.63° дараҷаи арзи шимолӣ ва 69.76° дараҷаи тӯли шарқӣ) тибқи ҷадвали Рихтер 4,9 баллро ташкил додааст. Дар ин координатаҳои нишондодаи зилзиланигорони қазоқ кӯли Ойкӯл ҷойгир шудааст. Ин кӯли начандон бузурги масоҳаташ 820 метри мураббаъ (82 гектар) дар манотиқи кӯҳистони ноҳияи Лайлак дар қаторкӯҳҳои Туркистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон мисли кӯли Сарези Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯ рафтани як бораи кӯҳ ва бастани пеши роҳи маҷрои дарё ба вуҷуд омадааст.

Зилзиланигорони тоҷик то ин соат ин хабарҳоро шарҳ надодаанд. Дар бораи кадом хисороти ҷонӣ ё молӣ бар асари ин офати табиӣ гузорише ҳанӯз ба даст нарасидааст.

Марказҳои зилзиланигорӣ қаблан хабар доданд, ки рӯзи 8 сентябри соли 2022, соати 13:20 ба вақти маҳаллӣ дар марзи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бо вилояти Бадахшони Афғонистон як заминларзаи дигар ба вуқӯъ пайваст. Шиддати ин заминларзаро дар марказаш –  40-километрии шимолуғарби маркази ноҳияи Ишкошим  –  тибқи ҷадвали Рихтер 4,4 балл баровард карда буданд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 6 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як моҳи охир 10 заминларза ва дар як соли охир 200 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button