ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК МУБОРИЗИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАР ӮШ БО 17 КИЛО ЧАРСИ АФҒОНӢ (8 АКС)

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ифшо ва пешгирии фаъолияти як гуруҳи байналмилалии қочоқбари маводи мухаддир хабар дод, ки тавассути Тоҷикистон ва Қирғизистон ба қочоқи маводи мухаддири сахттаъсири ҳашиш, маъруф бо номи чарси афғонӣ машғул буданд. Як аз боздоштшудаҳо … узви Қурултойи мубориза бо коррупсия будааст.

Бино ба гузориши КДАМ Қирғизистон, рӯзи 8 сентябри соли 2022 дар ҷараёни як амалиёти виджа дар чорчӯби чорабиниҳои и фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди вилояти Ӯш дар ҷануби ин ҷумҳурӣ се сокини вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуданд. Кумитаи амният гуфт, яке аз дастгиршудаҳо “О.Н.О.” — узви созмони ҷамъиятии “Элдик палата” дар Қурултойи мубориза бо коррупсия буда, мақомот аз ӯ ва ду боздоштшудаи дигар “Ш.Т.А.” ва “Т.З.Ж.” дар маҷмӯъ 17 килою 192 грамм чарси афғонӣ ёфта, гирифтаанд.

Ҳамаи боздоштшудашо ба тавқифгоҳи раёсати амнияти шаҳру вилояти Ӯш андохта шуда, ҳоло талошҳо барои кофтукови аъзои дигари ин шабакаи қочоқбар идома дорад.

Афғонистон як тавлидкунандаи асосии маводи сахттаъсири мухаддири навъҳои ҳероин, афюн ва ҳашиш ба шумор меравад.  Маводи мухаддир аз Афғонистон аз ҷумла аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистону Қирғизистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон қочоқ карда мешавад.

Азбаски Қирғизистон узви ЕАЭС (Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё) аст ва борҳои аз ин кишвар омада дар марзи кишварҳои дигари узви ин иттиҳод, аз ҷумла дар Қазоқистону Русия, аз тафтиши гумрукӣ намегузаранд, қочоқбарони маводи мухаддир вақтҳои охир талош мекунанд, ки маводи мухаддирро аввал ба Қирғизистон интиқол дода, сипас аз онҷо дар мошинҳои қирғизӣ пинҳон карда, ба Русияву Қазоқистон баранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button