ВидеоҶомеа

БА МАҚСАДИ НОПОКИ ХУД НАРАСИД: 16 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ РОҲЗАНИ ТАБАРБАДАСТ

Додгоҳи шаҳри Душанбе зода ва сокини пойтахт Сафаров Нарзулло Сайдуллоевичро бар асоси моддаҳои 249, қисми 3, банди “г”( 3 мавриди роҳзанӣ бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 32, қисми 3, 104, қисми 2, банди “и” (3 сӯиқасд ба одамкушӣ ба нияти ғаразнок марбут ба роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон гунаҳкор шинохт ва ба 16 соли маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8 сентябри соли 2022 бо нашри тафсилоти ин парванда хабар дод, ки Нарзулло Сафаров дар аввали моҳи  ноябри соли 2021, дар байни ҳамагӣ 5 рӯз ду фурӯшандаи мағоза ва як ронандаи таксиро бо мақсади ғорати пулу моли онҳо куштанӣ шудааст, вале қурбониёни ӯ бо амри тасодуф зинда мондаанд. Сафаров дар ду маврид ба  фурӯшандаи мағозаи “Шукрона” дар кӯчаи Н.Қаробоев ва ронандаи “Рахш Такси” бо табар ҳамла оварда, ба зидди фурӯшандаи мағозаи “Мини Маркет” дар кӯчаи Ҷомӣ аз калиди газии гаронвазн истифода бурдааст.

Бино ба гузориши додситонӣ, Нарзулло  Сафаров санаи 02-ноябри соли 2021, тахминан соати 20:30 бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок вориди мағозаи фурӯши хӯроквории “Шукрона”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, бинои 57 шуда, баҳонаҷӯӣ карда, аз фурӯшандаи он Маҳмадов Абдувоҳид Орифович  маҳсулоти хӯрокворӣ қарз мепурсад. Баъди гирифтани ҷавоби рад дар хусуси надодани қарз аз фурӯшанда Маҳмадов А.О. реҷаи кориашро аниқ карда, аз мағоза баромада меравад.

Сафаров Н.С. ба манзили зисташ рафта, аз онҷо табари оҳанини худсозро дар дохили ҷузвдон бо худ гирифта бо мақсади амалӣ кардани нақшаи таҳрезинамудааш, вориди мағоза шуда, бо баҳонаи харидорӣ кардан, аз фурӯшанда Маҳмадов А.О. хоҳиш менамояд, ки ба ӯ ангур баркашад. Фурӯшанда Маҳмадов А.О. саргарми баркашидани ангур мешавад ва дар ин лаҳза Сафаров Н.С. аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҷузвдонаш табарро бароварда, ба Маҳмадов А.О. ҳуҷум карда, як зарба ба пушти сари ӯ мезанад. Дар натиҷа Маҳмадов ба замин афтида, аз ҳуш меравад. Баъдан, ӯ Маҳмадовро кашолакунон ба назди хазина оварда, аз дохили хазина маблағи 4000 сомониро мегирад. Ҳангоми аз дохили хазина баромадан, ӯ мебинад, ки Маҳмадов А.О. ба ҳуш омада истодааст ва бо мақсади ба қатл расонидан бо табар боз се-чор зарбаи дигар ба сару рӯяш мезанад, ки дар натиҷа Маҳмадов А.О. боз аз ҳуш меравад. Сафаров Н.С. ба кушта шудани Маҳмадов боварӣ ҳосил карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Аммо бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда Маҳмадов А.О.зинда монд ва ба ҳуш омада, бародарашро ба ёрӣ даъват мекунад.

Ҳамин тавр, Нарзулло Сафаров такроран бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи роҳзанӣ, санаи 06-ноябри соли 2021,  тахминан соати дуи шаб аз назди дорухонаи “Гарант”мошини ширкати мусофиркашонии “Рахш Такси”, тамғаи “КИА ОПТИМА”, рақами қайди давлатиаш 92-66 ТТ 05, таҳти идораи ронанда Соҳибназаров Муродбек Зиёбековичро  киро карда, бо мақсади амалӣ намудани нақшаи таҳрезикардааш махсус дар нишастгоҳи ақиб дар паси ронанда нишаста, фармоиш медиҳад, ки ба самти кӯчаи Н.Қарабоев ҳаракат намояд. Дар роҳ ӯ махсус ҷои муносиб, яъне беодамро интихоб карда, ҳангоми ба назди бинои №92/2-и кӯчаи Н.Қарабоев расидан, аз ронанда Соҳибназаров М.З. талаб менамояд, ки автомашинаро нигоҳ дорад. Ҳангоми дар нуқтаи фармудааш таваққуф кардан, ӯ ба худ имконияти муносиб пайдо карда, аз ҷузвдонаш табари худсози оҳанини аз пеш мусаллаҳгардидаашро бароварда, ба Соҳибназаров М.З. ниҳонӣ ҳуҷум карда, дар маҷмӯъ се маротиба ба пушти сараш зарба мезанад, ки дар натиҷа ӯ  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад. Вале ронанда худро муҳофизат карда, аз дасти Сафаров табарро кашида гирифта, аз мошин берун мешавад. Дар натиҷа, Сафаров ба мақсади нопоки худ нарасида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Сафаров С.Н.такроран боз ҳам бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи роҳзанӣ, санаи 07-ноябри соли 2021 тахминан соати 16 вориди мағозаи фурӯши хӯроквории “Мини Маркет”, дар кӯчаи Ҷомӣ, бинои №8 шуда, аз фурӯшандаи он Каримов Хисравшоҳ Шохуҷаевич хоҳиш менамояд, ки ба ӯ “печенье” баркашад. Фурӯшанда Каримов Х.Ш. саргардони баркашидани “печенье” шуда, Сафаров бошад аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҷайбаш калиди газии ҳаҷмаш хурди бо худ овардаашро бароварда, дидаю дониста, ки Каримов Х.Ш. бехабар аст, ниҳонӣ ба вай ҳуҷум карда, зиёда аз даҳ зарба ба пушти сараш мезанад. Фурӯшанда Каримов Х.Ш. худро муҳофизат карда, аз ҷояш бархеста, имконият намедиҳад, ки Сафаров боз ҳам вайро зери лату кӯб қарор диҳад. Дар ин лаҳза, мизоҷон вориди мағоза шуданд ва Сафаров тарсида, ба мақсади нопоки худ нарасида, аз ҷойи ҳодиса фирор менамояд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button