ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

2 АКС АЗ ҶОИ САДАМА: РОНАНДАИ ТАКСИРО ХОБ БУРДААСТ…

Маркази матбуоти РВКД Душанбе бо нашри 2 акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки субши барвақти 2-юми сентябри соли 2022, тақрибан соати 05:30, ронандаи мошини тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 27 86 ТТ 05, Маҳмудҷонов Умед Маҳмудҷонович, ки дар ширкати «Сафар Ориён» ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи канори роҳ бархӯрдааст.

 Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур аз сабаби хоб бурдани ронанда рух дода, автомашина чаппа шудааст, вале хушбахтона, худи ронанда сиҳату саломат буда,  танҳо мошин зарари техникӣ дидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводи лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button