ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

СЕЛ СЕЯКИ ҚАЛАМРАВИ ПОКИСТОНРО ЗЕРИ ОБ КАРД ВА САБАБИ МАРГИ БЕШ АЗ 1000 КАС ШУД (ВИДЕО)

Бар асари обхезиҳои рӯзҳои охир дар Покистон алакай дастикам 1136 нафар ба ҳалокат расида, аз ин офати табиӣ 33 миллион нафар, яъне 15% аз аҳолии ин кишвар зарар дидаанд. Сел роҳҳову кӯпрукҳо ва дигар иншооти муҳимро дар саросари кишвар хароб кардааст.

Вазири тағйири иқлими Покистон Шерри Раҳмон обхезиҳои ҳалокатбору харобиоварро “фоҷиаи башарии беҳад бузург” номил ва гуфт, ки ҳоло сеяки қаламрави Покистон зери об мондааст. Вазири нақшарезии Покистон Аҳсан Иқбол ҳаҷми эҳтимолии зарар аз ин офатҳои табииро на камтар аз 10 миллиард доллар баровард мекунад.

“Ҳисобу китобҳои муқаддамотӣ нишон медиҳанд, ки ҳаҷми зарар хеле бузург аст, он аз 10 миллиард доллар ҳам бештар аст “, – гуфтааст Аҳсан Иқбол ба хабаргузории Рейтерс. Ӯ асароти обхезиҳои ахирро ҳатто мудҳиштар аз обхезиҳои соли 2010, пурқурбонитарин обхезиҳо дар таърихи Покистон, ки беш аз 2000 ҳазор кушта ба ҷо гузошта буд, номидааст.

Аҳсан Иқбол ин офатҳоро натиҷаи “рушди бемасъулиятонаи кишварҳои пешрафта” номида, гуфт, кишварҳои сарватманд бояд ба Покистон дасти ёрӣ дароз кунанд. Ӯ афзуд, Покистон рӯзҳои наздик ба камбуди шадиди хӯрокворӣ дучор хоҳад шуд.

Вазири молияи Покистон Мифтоҳ Исмоил гуфт, барои таъмини аҳолӣ бо хӯрокворӣ, Исломобод масъалаи аз Ҳиндустон ворид кардани меваву сабзавотро ҳам баррасӣ мекунад.

Вазири тағйири иқлими Покистон Шерри Раҳмон вазъи пешомадаро ҳамчун “фоҷиаи башарии беҳад бузурги бархоста аз тағйири иқлим”  унвон кард ва ба хабаргузории Франс Пресс гуфт: “Амалан, азсе як ҳиссаи Покистон ҳоло дар зери об мондааст. Ин хеле бузургтар аз тамоми ончист, ки мо дар гузашта дида будем”.

Покистон то ин обхезиҳо низ дар як буҳрони сахти иқтисодӣ қарор дошт ва аз Сандуқи байналмилалии пул кумаки молиявӣ пурсида буд. Рӯзи 29 август, иттифоқан дар рӯзҳое, ки Покистон ба селҳои харобиовар рӯбарӯ буд, Сандуқи байналмилалии пул барои ин кишвар 1, 1 миллиард доллар кумаки молиявӣ ҷудо кард. Ин пул ба хотири кумак ба иқтисоди Покистон равона шудааст, то ки мушкили камбуди пулро ҳал ва худро аз вартаи дефолт халос кунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.  

Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям.

Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button