ВидеоМуҳоҷирон

ИНҶО БАРОИ ШУМО ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН НЕСТ! ҶАНҶОЛИ ПИРАЗАНИ РУС БО ФУРӮШАНДАҲО ДАР ЗАМИНАИ МИЛЛӢ (ВИДЕО)

Канали “ЧП Сургут” дар шабакаи “ВКонтакте” видеои ҷанҷоли як пиразани рус бо фурӯшандаҳои як мағозаи хӯрокворӣ дар заминаи миллиро нашр кардааст. Ин ҳодиса дар шаҳри Лангепас дар ҳавзаи мухтори Ханти Манси – Югра (ХМАО-Югра)  рӯй дода, фурӯшандаҳо, тавре аз симояшон дар ин сабт бармеояд, занҳои муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар видео дида мешавад, ки як пиразан ба фурӯшандагони мағоза дарафтода, бо зарда аз онҳо мепурсад, ки оё ҳаққи кор кардан дар ин мағозаро доранд ё на? Сабаби муноқиша маълум нест, вале ин пиразан ба фурӯшандагони муҳоҷир таҳдид мекунад, ки онҳоро ба пулис хоҳад дод.

– Дар инҷо Тоҷикистону Ӯзбекистон сохтаанд. Вале намепурсанд, ки ин шаҳрро кӣ сохта буд? Ман рафта, пулисро даъват мекунам. Бигзор тафтиш кунанд, ки оё ҳамаи шумо ҳаққи дар инҷо кор карданро доред ё не? Тоҷикҳо, ӯзбекҳо, оё шумо чунин ҳақ доред? Ман ҳамаашро дар пулис муайян мекунам. Ҳамту ҳаққи гирифтани пули одамонро шумо надоред, – мегӯяд дар ин навор ин пиразан.

 Дар майдони шарҳҳои зери ин видео бисёре аз сокинони Югра ин пиразанро танқид ва маҳкум кардаанд.

– Ин бибӣ, аз афташ,  камтар аз будаш зиёдтар нӯшидааст, – шӯхиомез навиштааст корбаре бо номи Пётр Петрович.

Чунин ба назар мерасад, ки ин бибӣ то нафақа баромаданаш дар хадамоти муҳоҷират кор мекард, – ҳадс задааст Николай Илинов.

Бояд пулисро меовард ба онҷо, – тамасхур кардааст Олга Медведкина.

Ягон миллати бад нест, одамони бад ҳастанд! – таъкид кардааст Мирзо Сафарович.

Вале бархе шореҳон хостори тафтиши қонунияти фаъолияти муҳоҷирон дар мағозаҳои Югра шудаанд. Дар раёсати корҳои дохилии ХМАО-Югра ба хабарнигори нашрияи Вестник Сургутского района  Элина Гайсина гуфтаанд, ки пулис ин ҳодисаро месанҷад, ки дар мағоза чӣ рӯй дод а боиси чунин фурӯ рехтани хашму ғазаби ин пиразан шуд?

Шаҳри Лангепа́с бо 45 ҳазор сокин (омори соли 2021) дар Сибири ғарбӣ, дар 126-километрии шарқи шаҳри Сургут, 96-километрии шимолуғарби шаҳри Нижневартовск ва 910-километрии шимолушарқи шаҳри Тюмен, дар соҳили рӯдхонаҳои Каюковская протока ва Лангепас, 12 километр дуртар аз соҳили дарёи бузурги Об  ҷойгир шудааст.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия, бахусус онҳое, ки дар риштаҳои хидматрасонӣ (мағозаву ошхонаву бозорҳо, салонҳои зебоӣ ва ғайра) кор мекунанд, аз зиёжд будани мавридҳои ба истилоҳ миллатгароии маишии сокинони маҳаллӣ шикоят мекунанд. Баланд будани сатҳи миллатгароии маишӣ дар байни сокинони Русияро ҷомиашиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ низ зикр мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button