ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҲАБСИ РОНАНДАИ ТАКСӢ БАРОИ БА ТАЛБАНДАГӢ ҶАЛБ НАМУДАНИ ПИРАЗАНИ МАЪЮБ

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе рӯзи 30 августи соли 2022 хабар дод, ки Умед Исоев ном ронандаи такси барои ба талбандагӣ ҷалб кардани як пиразани маъюб  ва “ҳақ” ё “доля” бастани ин пиразани талбанда ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Исоев Умед Ҳоҷимуродович, санаи таваллудаш 18.02.1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел», рақамҳои қайди давлатиаш 24 40 ТТ 07, як  пиразани маъюби гурӯҳи 1-умро барои талбандагӣ ҷалб намудааст.

“Номбурда тавассути автомашинаи худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро барои ба талбандагӣ машғул гардидан ба шаҳри Душанбе меовардааст. Зимни пурсиш муайян гардид, ки Исоев Умед ҳамарӯза қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи пиразанро аз они худ намуда, қисмати каме аз онро ба худи пиразан медодааст”,  гуфта мешавад дар иттилоияи милитсия.

 Бо дарназардошти ҳолати мазкур нисбат ба Исоев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Милитсия Душанбе мегӯяд, “аз ҷониби афроди ҷисман солим ба талбандагӣ ҷалб намудани шахсони имконияташон маҳдуд, воқеан берун аз оини инсониву ҷавонмардист. Аммо рейду амалиётҳои санҷишии кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки мутаассифона ҳастанд бархе нафароне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади муфт, чунин афроди маъюбу дардмандро ба талбандагӣ водор сохта, аз ин ҳисоб зиндагонии худро пеш мебаранд”.

Бисёриҳо дар зери ин хабар рафтори ронандаи таксиро маҳкум кардаанд.

Ҳабси ронандаи «таксӣ» барои ба талбандагӣ ҷалб намудани пиразани маъюб

Ҳабси ронандаи «таксӣ» барои ба талбандагӣ ҷалб намудани пиразани маъюб

Чоп шуд аз тарафи dushanbepolice дар санаи 30.08.22 0 Comment

  Аз ҷониби афроди ҷисман солим ба талбандагӣ ҷалб намудани шахсони имконияташон маҳдуд, воқеан берун аз оини инсониву ҷавонмардист. Аммо, рейду амалиётҳои санҷишии кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки мутаассифона ҳастанд бархе нафароне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади муфт, чунин афроди маъюбу дардмандро ба талбандагӣ водор сохта, аз ин ҳисоб зиндагонии худро пеш мебаранд.
  Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Исоев Умед Ҳоҷимуродович, санаи таваллудаш 18.02.1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел» рақамҳои қайди давлатиаш 2440ТТ07, як нафар пиразани маъюби гурӯҳи 1-умро барои талбандагӣ ҷалб намудааст.


  Номбурда тавассути автомашинаи худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро барои ба талбандагӣ машғул гардидан ба шаҳри Душанбе меовардааст. Зимни пурсиш муайян гардид, ки Исоев Умед ҳамарӯза қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи пиразанро аз они худ намуда, қисмати каме аз онро ба худи пиразан медодааст.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Исоев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button