ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ СЕ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ

Шоми 28 августи соли 2022, соати 20:11, ронандаи мошини тамғаи Chevrolet Lanos, ҳангоми ҳаракат дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз уҳдаи идораи мошин баромада натавониста, бо суръати баланд ба як мошини фураи притсепдори тамғаи Man бархӯрд. Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд. Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин, ки 23 сол дошт, ва ду мусофираш, ки 20 ва 21 сол доштанд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири дигари ҳардуяш 21-соларо бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Вазъи якеи онҳо миёна ва дуюмӣ вазнин гуфта мешавад.

Дар сабтҳои видеоии камераҳои назоратӣ, ки нусхаҳояшро идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ ба даст овард, дида мешавад, ки мошин бо суръати баланд ҳаракат дорад ва ногаҳон ба фура бармехӯрад. Дар як они воҳид дар ҷои ҳодиса издиҳоми бузурге ҷамъ мешавад, ки бо як сахтӣ дарҳои мошини комилан пачақшударо кушода, қурбониёни садамаро аз дохили мошин берун мебароранд.

Ба идораи “Бомдод” видеои ҷасадҳои ба хун оғӯштаи қурбониёни садамаро ҳам фиристоданд, вале аз нашри онҳо худдорӣ мекунем.

Ба идораи “Бомдод” муяссар шуд, ки исми ҳалокшудагонро муайян кунад. Ҳамаи онҳо зодагони деҳаи Зарнисор (собиқ Янгӣ-Ариқ) ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийская ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекарданд.

Исми ҳалокшудагонро нашр мекунем:

1.Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998.

2. Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001.

3. Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002.

Дар базаи меваву сабзавоти Софийская дар Петербург садҳо тан аз зодагони  минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор мекунанд. Ҳоло ҷамъияти тоҷикони Петербург масъалаи ба Ватан фиристодани ҷанозаҳои қурбониёни садамаро баррасӣ карда истодааст.

Дар нимаи аввали соли 2022 аз хориҷа, асосан аз Русия, ба Тоҷикистон ҷанозаҳои 486 шаҳрванди дар мусофират фавтидаи ин кишварро овардаанд.

Дар умум, ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) ва садамаҳо яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Шакли кӯтоҳи видео аз маҳалли садамаро дар канали Бомдод ТВ тамошо кунед:

Шакли пурраи видео аз ҷои садамаро дар Телеграм-канали Бомдод бубинед:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button