ВидеоМуҳоҷирон

ЯК МАРДИ ТОҶИК БАРОИ НИКОҲИ ҚАЛБАКӢ БА ЯК ЗАН ДАР РУСИЯ 15 ҲАЗОР РУБЛ ДОДААСТ

Хадамоти матбуоти додситонии кишвари Зайкалйе хабар дод, ки дар шаҳри Нерчинск, маркази ноҳияи ҳамноми ин минтақаи дурдасти Русия никоҳи як шаҳрванди Тоҷикистонро бо як зани маҳаллӣ қалбакӣ дониста, бекор кардаанд. Нерчинск бо 15 ҳазор аҳолӣ шаҳрест дар тақрибан 260-километрии шарқи шаҳри Чита, маркази Забайкалйе ва ягон 400 километр дурт аз марзи Русия бо Чин ва Муғулистон. Аммо аз Тоҷикистон барои расидан то Нерчинск беш аз 6200 километр роҳро бояд пушти сар гузошт!

Бино ба иттилои додситонӣ, дар додгоҳ  марди тоҷик ва ҳамсараш пойфишорӣ кардаанд, ки якдигарро дӯст дошта, оилаи мустаҳкаме барпо кардаанд. Вале кормандони додситонӣ тавонистаанд исбот кунанд, ки никоҳи онҳо қалбакӣ буда, марди тоҷик ба зани маҳаллӣ барои ақди никоҳ бо ӯ 15 ҳазор рубл додааст. Ба ақидаи тафтишот, шаҳрванди Тоҷикистон  мақсади бо ин зан якҷоя зистану пеш бурдани хоҷагии муштарак надошт ва танҳо мақсадаш аз ин ақди никоҳ  ба даст овардани ҳаққи иқомат ва бар асоси он шаҳрванди Русия шудан будааст.

ар ниҳоят, додгоҳи Нерчинск никоҳи марди тоҷикро бо ин зани маҳаллӣ бекор кардааст.

Ин нахустин мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар Русия нест. Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Аз ҷумла дар аввали моҳи август хабар омад, ки кормандони ФСБ дар вилояти Ярославл чор нафар – ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ вилояти Ярославл хабар дод, ки ин афрод аз никоҳҳои қалбакӣ мехостанд  барои дарёфти шаҳрвандии Русия истифода баранд. Тибқи фарзияи мақомот, ду шаҳрванди Русия дар ҳудуди вилояти Ярославл занонеро пайдо кардаанд, ки дар ивази пул бояд ба ин ду марди тоҷик издивоҷ мекарданд. Баъди ин зодагони Тоҷикистон мебоист аввал ҳаққи иқомат ва сипас шаҳрвандии Русияро ба даст меоварданд, вале дастгир шуданд.

Нисбат ба онҳо аз ҷониби шуъбаи тафтишотии раёсати вилоятии ФСБ бар асоси қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонуни Русия ба дастгиршудаҳо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар аввали соли ҷорӣ кормандони ФСБ дар вилояти Ярослав 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ақди никоҳҳои қалбакӣ бо занони сокини шаҳрҳои Гаврилов-Яма ва Ростов Великий айбдор карданд. Парвандаи зидди се ташкилкунандаи он канали муҳоҷирати ғайриқонунӣ моҳи апрели соли 2022 ба додгоҳ супурда шуд.

Дар аввали моҳи август бошад, хадамоти матбуоти раёсати ФСБ Русия дар вилояти Калининград аз ошкор шудани як шабакае хабар дод, ки бо роҳи никоҳҳои қалбакӣ муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин ҷазирақаламрави воқеъ дар соҳили баҳри Балтика дар ғарби Русияро ба роҳ монда буданд.

ФСБ гуфт, се сокини вилояти Калининград дар ивази пул шаҳрвандони Русияро барои ақди никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон меҷустанд. Чунин ақди никоҳ ба зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон медод, ки ба сурати осонтар ҳаққи иқомат дар Русия ва баъдан шаҳрвандии ин кишварро ба даст биоранд.

Ҳар се нафари гумонбар ба ташкили ин шабакаи ғайриқонунӣ дастгир шудаанд. ФСБ гуфт, ҳангоми кофтукоб аз манзилҳо ва дафтарҳои кории он се нафар таҷҳизот барои тайёр ва чоп кардани санадҳо, ҳамчунин беш аз 100 муҳру штампи қалбакии идораҳои давлатӣ, 11 шиносномаи хориҷии русия ва кишварҳои СНГ бо аломатҳои тақаллуб ва 650 бланки холии санадҳои расмӣ, аз ҷумла санадҳои кишварҳои хориҷӣ ёфт ва мусодира шудааст.

Дар робита ба ин қазия низ бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба  ин дастгиршудаҳо ҳам то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Танҳо дар соли 2021 беш аз 103 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар нимаи аввали соли 2022 боз 74 ҳазор нафари дигар аз тоҷикистониҳо шаҳрвандии худро ба русӣ иваз карданд. Дар умум, аз аввали асли 21 алакай тақрибан як миллон нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳазорон нафари онҳо баъди издивоҷ бо сокинони Русия тавонистаанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button