ВидеоМуҳоҷирон

ДЕПОРТАТСИЯИ ПАДАРИ 8 КӮДАК АЗ РУСИЯ БАЪДИ ПУШТИБОНАШ АЗ ДУ МУҲОҶИРИ ГУНГИ ТОҶИК (2 ВИДЕО)

Моҳи гузашта ҳамаи дар Интернет видеоҳо аз Волгоград дар бораи зулму тааддии роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин минтақаи Русия Саидаҳмад Маҳмадов ба шок овард. Дар он видеоҳо муҳоҷирон, аз ҷумла ду ҷавони гунг шикоят доштанд, ки роҳбари диаспора онҳоро бераҳмона латтукӯбу таҳқир мекунад ва мисли ғулом чанд моҳ кор фармуда, пули корашонро намедиҳад. Ҳама баъди тамошои он шикоятҳо талаб доштанд, ки раҳбари диаспораи тоҷикон  барои он, ки ба ҷои ҳимоят аз ҳаққи ҳамватанони худ нисбат ба онҳо ситамро раво дидааст, ҷазо дода шавад.

Вале маълум мешавад, ки на Саидаҳмад Маҳмадов, балки онҳоеро ҷазо додаанд, ки аз он муҳоҷирони бечора ҳимоят карданд. Аз ҷумла  Маҳмадризо Бӯриев, падари 8 фарзанд (!!!), ки аз он ду ҷавони гунг пуштибонӣ кард, ба дафтари диаспораи тоҷикон дар Волгоград барои “разбор” даъват шуда, онҷо аз тарафи одамони Маҳмадов латтукӯб шуд ва ба дунбол, ӯро бо қарори додгоҳ аз Русия депортатсия карда, то соли 2045(!!!) “запрет” заданд, яъне аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Анна Бӯриева, зодаи Волгоград, ки аз ин шавҳари тоҷикаш 8 фарзанд ба дунё овардааст, ба нашрияи маҳаллии “Блокнот-Волгоград”  нақл кард, ки мақомот ошкор накарданд, ки барои чӣ шавҳари ӯро барои 23 сол аз ҳаққи омадан ба Русия маҳрум карда, 8 фарзанди ӯро амалан ба муҳлати 23 сол зиндаятим карданд?  Анна гуфт, додгоҳ тақдири шавҳарашро дар байни ҳамагӣ 5 дақиқа ҳал кард ва онҳоро ҳатто имкони ҳарф задан надод.

Анна Бӯриева гуфт:

 “Мо то охир умед доштем, ки додгоҳ далелҳои моро ҳадди ақал гӯш хоҳад дод. Вале тамоми мурофиаи ҳамагӣ 5 дақиқа давом кард ва асосан аз қироати қарори додрас иборат буд. Касе моро гӯш ҳам накард, гуфтанд, ки чӣ даркор иваз кардани ҳукм, вақте ки ӯро алакай депортатсия кардаанд? Мо хоҳиш кардем, санадеро, ки бар асоси он ҳузури шавҳари маро дар Русия “нохоҳам” донистаанд, нишон диҳанд, вале гуфтанд, ки ин санад дар дасти додгоҳ нест. Бар асоси як санади муҳраш махфӣ, ки касе онро ба чашм надидааст ва мазмунашро фаҳмонда наметавонад, дар байни 5 дақиқа фарзандони маро барои 23 сол аз падар маҳрум ва зиндаятим карданд. Духтари хурдии мо соли 2045, вақте Маҳмадризо ҳаққи бозгашт ба Русияро пайдо мекунад, алакай ба синни 23 мерасад!”

Маҳмадризо Бӯриев, соли таваллудаш 1980, дар авоили солҳои 2000 ба Волгоград омада, ба Анна хонадор шуд ва ҳарду соҳиби 8 фарзанд шуданд. Анна мегӯяд, дар ба дари идораҳои зиёде гаҳт, то будубоши шавҳарашро ба далели 8 фарзанд доштани онҳо қонунӣ кунанд. Вале ҳайҳот!

 “Ӯро баракс  ихроҷ карданд ва то соли 2045 запрет заданд. Охир ҳатто барои куштор дар Русия 23 сол намедиҳанд. Шавҳари ман касеро накуштааст. Ягона гуноҳаш ин буд, ки ба касе халал расонд ё пеши роҳи касеро гирифт”, – мегӯяд Анна.

Ӯ гуфт, сабаби аз падар маҳрум шудани фарзандони ӯ муноқишае дар ҷамъияти тоҷикони Волгоград шуд. Бино ба нақли Анна, Маҳмадризо ба ҳимоят аз ду муҳоҷири гунги тоҷик бархост ва  барои ҳақиқатҷӯияш “шатта хӯрд”.

 “Онҳо ба шавҳари ман арз карданд, ки намояндаи диаспора Саидаҳмад Маҳмадов онҳоро таҳқир мекунад, мезанад ва маҷбур мекунад, ки барояш бепул кор кунанд. Онҳо аз Маҳмадризо кумак хостанд ва ӯ барои ҳалли ин масъала ба диаспора занг заду ба онҷо рафт. Вале ӯ аз онҷо бо с ару рӯи захмин баргашт, маълум шуд, бо хишт ба сараш задаанд. Ӯ гуфт, ки Маҳмадов, ки мардикорон аз ӯ шикоят доштанд, бо одамонаш омад ва онҳо шавҳари маро кӯфтаанд. Рӯзи дигар аз пулиси ноҳияи Городише ба хонаи мо омаданд ва гуфтанд, ки бояд шавҳарамро ҳамчун шоҳид бозпурсӣ кунанд”, – нақл мекунад Анна.

Вале дар пулис маълум шуд, ки Маҳмадризо шиносномаи русӣ надорад ва муҳлати сабти номаш гузаштааст. Ба болои ин, маълум шудааст, ки ФСБ ҳанӯз соли 2015 будубоши Маҳмадризоро ба кадом далели эъломношудае “нохоҳам” донистааст. Анна мегӯяд, додгоҳҳо қаблан ба далели серфарзанд будани онҳо, аз судури ҳукми ихроҷи шавҳараш истиҳола мекарданд, вале ин навбат ба қароре расиданд, ки ӯро аз Русия пеш кунанд ва то соли 2045 дигар роҳаш надиҳанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button