ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДАР РУСИЯ ФЕДЕРАТСИЯИ МУҲОҶИРОНРО БАРҲАМ ДОДАНИАНД

Додгоҳи олии Русия рӯзи 18 августи соли 2022  даъвои вазорати адлия ба зидди созмони ҷамъиятии “Федератсияи муҳоҷирони Русия”-ро баррасӣ мекунад. Вазорати адлия бо аризаи даъвогӣ ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда, хостааст, ки Федератсияи муҳоҷирон, яке аз бузургтарин созмонҳои муҳоҷирон дар Русияро барҳам бидиҳанд.

Дар хабарномаи додгоҳ, ки ба Федератсияи муҳоҷирон ирсол шудааст, чунин гуфта мешавад:

“Ин аризаи даъвогӣ бо мақсади таҳкими қонунит ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар бахши қонуншиканҳои маъмурӣ ва дигар қонуншиканиҳо ироа шудааст”.

Вале дар роҳбарияти Федератсияи муҳоҷирони Русия  бо чунин бандубасти қазия розӣ нестанд. Вадим Коженов, президенти Федератсия гуфт, тамоми фаъолиятҳои ин созмон ба таҳкими қонуният ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар қаламрави Русия равона шудааст.

Коженов дар як баёния мавқеи худро ба мурофиаи қазияи Федератсияи муҳоҷирони Русия дар Додгоҳи олии ин кишвар чунин баён дошт:

 “Мо аз чунин гардиши таҳаввулот сахт дар ҳайрат афтодаем, бавижа дар шароити кунунӣ, ки мо дар лобалои таҳдидҳои воқеъӣ ва дар як шароити мураккабе қарор дорем. Вазорати адлия ба чанд ҳолати ҷузъӣ дар Ойинномаи Федератсияи муҳоҷирони Русия тамаркуз карда, мутаассифона, ба ҷои муколамаи созанда барои ислоҳи ин ҳолатҳои хурду реза мо бо аризаи даъвогӣ ба Додгоҳи олӣ бо талаби барҳам додани созмони мо рӯбарӯ шудем. Чунин сурати ҳолро хеле нофаҳмо ва нобаҷо мешуморем”.

Вадим Коженов аз ҳама даъват кардааст, ки дар мурофиаи даъвои зидди Федератсия дар Додгоҳӣ олӣ, ки ба сурати озод баргузор мешавад, иштирок кунанд.

Федератсияи муҳоҷирони Русия  соли 2007 таъсис ёфта, аз соли 2015 ба он Вадим Коженов роҳбарӣ мекунад. Ин созмон дар солҳои охир, бахусус баъди аз Русия депортатсия шудани ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Каромат Шарипов ва амалан аз байн бурдани созмони Федератсияи муҳоҷирони СНГ, ки Каромат Шарипов роҳбарӣ мекард, фаъолтар шуд.

Дар оғози пандемияи коронавирус Федератсияи муҳоҷирони Русия аз ҳукумати Русия хост, ки замони будубош ва патенти муҳоҷирони кории дар ин кишвар дармондаро бидуни чуну чаро ва қоғазбозӣ ба таври автоматӣ тамдид кунанд. Моҳи сентябри соли 2021 хабари афви ҳудуди 300 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро низ аввалин шуда, Федератсияи муҳоҷирони Русия  нашр кард ва инро натиҷаи талошҳои аз ҷумла ин созмон номид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button