ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ ЯК ҶАРИМА ИҶОЗАТ НАДОДААНД, КИ БА ВАТАН БАРГАРДАД

Дар фурудгоҳи “Толмачёво”–и шаҳри Новосибирски Русия ба як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон ба сабаби напардохтани 7 ҳазор рубл ҷарима иҷозат надодаанд, ки ба Тоҷикистон сафар кунад. Хадамоти приставҳои вилояти Новосибирск гуфт, баъди он ки ин муҳоҷири тоҷикро аз дами дари ҳавопаймо пас гардонданд, ӯ ҷомадонаш дар даст аз фурудгоҳ рост ба идораи онҳо омад.

Дар инҷо ба ӯ фаҳмондаанл, ки қаблан додгоҳ хро бар асоси қисми дуюми моддаи 322 Кодекси ҷиноятии Русия барои убури ғайриқонунии марзи Русия ба маблағи 7 ҳазор рубл ҷарима баста буд. Вале азбаски ӯ аз ихтиёран супурдани маблағи ҷарима то ҳол саркашӣ мекард ва аз приставҳо низ мегурехт, номашро ба рӯйхатти ашхоси мамнӯъулхуруҷ ворид кардаанд.

“Чанд рӯз пеш ба ин шаҳрванди Тоҷикистон зарур шудааст, ки ба Ватанаш сафар кунад. Вале дар гузаргоҳи марзии фурудгоҳ ӯро иҷозат надодаанд, ки ба ҳавопаймо бишинад. Ба ӯ маслиҳат додаанд, ки ба идораи приставҳо муроҷиат кунад. Шаҳрванди Тоҷикистон ҷомадон ва чиптаи сӯхтааш дар даст ба қабулгоҳи идораи приставҳо омад, то фаҳмад, ки барои чӣ ба вай иҷозати сафар ба Тоҷикистон надодаанд”, – нақл карданд дар хадамоти приставҳои вилояти Новосибирск.

Бино ба нақли ин ниҳод, шаҳрванди Тоҷикистон вақте фаҳмид, ки ӯро барои ҳамагӣ 7 ҳазор рубл иҷозати хуруҷ аз Русия надодаанд, сахт ба ҳайрат афтод. Ӯ гуфт, фикр мекард, ки ин ҷарима аз ёди ҳама баромадааст. Муҳоҷири тоҷик дар ҷояш пули ҷаримаро супурд ва приставҳо баъди ин номи ӯро аз рӯйхатти сиёҳи шахсони мамнӯъулхуруҷ бароварданд.

Ин муҳоҷири тоҷик акнун метавонад ба Тоҷикистон сафар кунад, вале маълум нест, ки оё ба Русия баргашта метавонад ё на? Барои убури ғайриқонунии марз номи ӯро метавонанд ба рӯйхатти сиёҳи шахсони мамнӯъулвуруд ворид карда, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button