ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ҶАВОНЗАН ДАР НОРАК ВА ЯК НАВРАС ДАР ҶАЙҲУН БАРОИ ДУЗДӢ

Ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Норак ба дуздии  5 ҳазор сомонӣ, 3 ҳазор рубли русӣ ва 3 ангуштарини тилло аз хонаи як зани 49-солаи сокини Норак гумонбар мешавад.

хххххххххххххххх

Сокини 30-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2021 бо роҳи фиреб мошини тамғаи «Хендай Элантра»-и як сокини пойтахтро 27 ҳазор доллар савдо карда гирифту он мошинро ба дигар шахс фурӯхт, вале пули соҳиби мошинро то ҳол надодааст.

хххххххххххххххххх

Навраси 17-сола аз ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июл дар назди бозорчаи “Гипрозем” аз дохили мошини тамғаи “Фолксваген” 11 ҳазору 810 сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 10 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир шудани ҷавонзани 19-сола бо ҷурми дуздӣ

000

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Норак ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда дар хонаи истиқомати зани 49-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун иҷоранишин зиндагонӣ карда, аз набудани соҳибхона истифода намуда, аз дохили ҷевон бо роҳи пинҳонӣ 5 ҳазор сомонӣ, 3 ҳазор рубли русӣ ва 3-адад ангуштарини тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани маблағи автомашинаи фурӯхташуда

01

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Хендай Элантра»-ро ба маблағи 27 ҳазор доллари амрикоӣ савдо карда гирифта, автомашинаро ба дигар шахс фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button