ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПИСАРИ ХУРДИАШ СОМОНРО ЗАН ДОД ВА ДУХТАРИ ХУРДИАШ ФАРЗОНАРО БА ШАВҲАР МЕДИҲАД

Бино ба иттилои дарёфтӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 августи соли 2022 писари хурдиаш Сомонро хонадор кардааст.

Хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” хабар дод, ки тӯйи Сомони Эмомалӣ дар доираи оилаи президент барпо шудааст. Бино ба иттилои ин нашрия, “эҳтимолан, ҳамсари писари дуюми президенти Тоҷикистон духтари як афсари Қӯшунҳои марзбонӣ аз вилояти Хатлон аст”.

Манобеи “Бомдод” низ инро тасдиқ карданд ва гуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон ин духтарро зимни яке аз сафарҳои кориаш ба вилояти Хатлон дар байни духтарони пешвозгиранда дида, барои писари хурдиаш хуш кардааст. Баъди бозгашт аз он сафар Эмомалӣ Раҳмон завҷаашро ба хонаи он духтар барои хостгорӣ фиристодааст.

Сомони Эмомалӣ 24 сол дошта, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Исми ӯ бори аввал соли 2012, вақте ҳамагӣ 14 сол дошт ва дар литсейи туркӣ таҳсил мекард, расонаӣ шуд. Он вақт гузориш шуда буд, ки гузориш шуда буд, ки барномаи компутарие, ки Сомони Эмомалӣ ва ҳамсабақаш  Исрофил Исмоилов сохта буданд, дар як олимпиадаи байналмилалӣ дар Руминия сазовори медали тило шудааст. Ин барнома “Луғат ба 4 забон” ном дошта, ба забонҳои тоҷикӣ, туркӣ, англисӣ ва русӣ будааст.

Манобеи зиёде хабар медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳо нафақат писари хурдиашро зан дод, балки духтари хурдиаш Фарзонаро низ ба шавҳар медиҳад.  Манобеи “Бомдод” мегӯянд, президенти Тоҷикистон ин навбат бо додситони кул Юсуф Раҳмон қудо мешавад.

Сомонаи оппозитсионии “Ислоҳ” низ бо такя ба манобеаш хабар дод, ки  домоди нави Эмомалӣ Раҳмон Сафар, писари додситони кулли Тоҷикистон аст. Бино ба иттилои ин нашрия, тӯйи Фарзона  ва Сафар, қарор аст, рӯзи 13 августи соли 2022 доир шавад.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1991 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ аз соли 2015 дар вазифаи додситони кулли Тоҷикистон кор мекунад.

Дар бораи писари ӯ Сафар Раҳмон, ки чанд сол дораду куҷо таҳсил кардааст ва дар куҷо кор мекунад?, то ин соат ягон маълумот дар даст нест.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд: 7 духтар ва 2 писар дорад. Ба ҷуз аз Сомону Фарзона, боқӣ фарзандони президент ҳамааш кайҳо соҳиби дару хонаи худ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Муборак бошаду қушапир шаванд. Зиндагии якҷоя барои ҳардуяшон ширин шавад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button