ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДҲОИ БОЗ ДУ ҒАРҚШУДА ВА ОМАДАНИ СЕЛ ДАР ТОҶИКОБОДУ АЙНӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 1 августи соли 2022 хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҷасади боз  ду нафар ғарқшуда пайдо ва мақомот супурда шуд. Бино ба ин манбаъ, як сокини 62-солаи деҳаи С.Гадои ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ ҳанӯз рӯзи 17 июл ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳа аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд. Баъди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ ҷасади ӯ рӯзи 31-уми июли соли равон тақрибан соати 15:30 дақиқа як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса аз ҷониби сокинон пайдо гардида ва ба наздиконаш супурда шуд.

Ҳамин тавр, 20 рӯз қабл як сокини 8-солаи маҳаллаи Таги-Қалъаи ноҳияи Дарвоз, бо сабабҳои номаълум ба дарёи Панҷ афтида, ғарқ шуда буд. Ҷасади ӯ баъди ҷустуҷӯҳои зиёд рӯзи 31-уми июл 48 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби сокинон пайдо ва ба мақомот супурда шуд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз аввали сол шумораи ғарқшудагон алакай аз 120 гузашт. Тақрибан 70 нафари онҳо кӯдакону наврасони то синни 16 мебошанд.

Ба ҳисоби расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон 84 нафар ба ҳалокат расиданд. 7  нафари инҳо то 4-сола буда, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16–сола, 27 нафар аз 17 то 35 ва 11 тани дигар болотар аз 35 буданд.

Соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин аз чанд ҳолати омадани сел дар ҷумҳурӣ хабар дод.

Аз ҷумла тибқи маълумоти  сардори  бахши Кумита дар  ноҳияи Тоҷикобод  рӯзи 31-уми августи соли 2022 тақрибан соатҳои 16:26 дақиқа, бинобар сабаби боридани боронҳои зиёди кутоҳмуддат дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, деҳаҳои Мазори боло, Мазори поён, Лангари-Шоҳ аз селроҳаҳо сел омада, ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон бо овардани лойқа ва сангу шағал зарар расонид.

Ин ҳодиса талафоти ҷониву зарари ҷисмонӣ надошт. 

Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Рӯзи 29-уми июли соли 2022 бар асари баланд шудани дамои ҳаво сатҳи об дар рӯди Зарафшон боло рафт ва об аз соҳил берун шуда, 320 метр роҳро пурра вайрон намуд. Ин боис шуд роҳи Айнӣ-Масчои Кӯҳӣ муваққатан баста шавад.

Ба ин мавзеъ сари вақт 2 адад техникаи муҳандисӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳияи Айнӣ сафарбар гардида, корҳои барқарорсозӣ ба роҳ монда шуд. Рӯзи 31-уми июл, соати 21:30 дақиқа роҳ пурра боз шуд ва ба ҳаракати мошинҳо аз ду ҷониб иҷозат дода шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button