ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

НАЗДИКОНАШОН ВИДЕОИ “БОЗГАШТИ ИХТИЁРӢ”-И ОРАЗ ВА РАМЗИРО САҲНАСОЗӢ НОМИДАНД (ВИДЕО)

Наздикони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо мегӯянд, онҳо нияти ба Тоҷикистон рафтан надоштанд ва нашри навори “бозгашти ихтиёрӣ” -и онҳо саҳнасозӣ аст.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, ду фаъоли зодаи Бадахшон, ки дар Маскав ба сар мебурданд, шоми 29 июли соли 2022 ҳангоми бозгашт аз Екатеринбург дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав “ғайб” заданд. Субҳи 31 август ҳарду дар як видеои кӯтоҳ, ки аз ҷониби саҳифаҳои троллҳои наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон аз “фабрикаи ҷавоб” нашр шуд, зоҳир шуда, гуфтанд, ки гӯё худашон бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргашта, ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шудаанд, то ки ба саволҳои мақомот дар робита ба рӯйдодҳои ахири Бадахшон посух диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки агар бегуноҳ бароянд, ба Маскав бармегарданд, вале агар гуноҳкор бошанд, тайёранд, ки барои аъмоли худ ҷавоб гӯянд.

Ин дар ҳолест, ки наздикони ин ду фаъоли бадахшонӣ ба қиссаи худашон ба мақомот ҳозир шудани Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо боварӣ надоранд.

Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш аз Екатеринбург ба Маскав бармегашт, вале дигар аз фурудгоҳ берун нашуд.

Ӯ гуфт, пеш аз парвоз видеоӣ бо ӯ суҳбат карда буд ва Ораз аз ӯ хоста буд, ки барояш ғизо омода кунад. “Парвоз 2,5 соат давом кард. Ҳавопаймо нишаст ва ӯ аз он ҷо боз бо ман суҳбат кард. Ишорае ҳам накард, ки таҳти таъқиб қарор дорад ё нигарон аст ё нияти ба Тоҷикистон рафтан дорад. Тақрибан пас аз 20 дақиқаи дигар зангаш задам, телефонаш дигар хомӯш буд, паёмак фиристодам, нахондааст ва бо ҳамин дигар то ҳол гап назадаем”,-– мегӯяд Сабрина Отамбекова.

Ҳамсари Ораз Вазирбеков  ба Озодӣ гуфт, Ораз борҳо таъкид карда буд, ки агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шуд, бояд ҳама донанд, ки ба хоҳиши худаш барнагаштааст.

Бино ба иттилои Озодӣ, наздикони Рамзӣ Вазирбеков низ мӯътақиданд, ки ӯ ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст ва навори нашршуда аз онҳо саҳнасозӣ аст.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбеков (Рамзесс Шогунов) баъди гирдиҳамоии эътирозии зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки 25 ноябри соли 2021 доир шуд, бо нашри муроҷиатномаҳои вижа гуфта буданд, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи аз Русия бурдани онҳо шудаанд. Онҳо ҳушдор дода буданд, ки агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шаванд, ин ба маъноест, ки онҳоро рабуда, бурдаанд, чунки ба хоҳиши худашон ба Тоҷикистон рафтанӣ нестанд.

Ораз Вазирбеков, зодаи маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ, 45 сол дошта, яке аз роҳбарони диаспораи зодагони Бадахшон дар Маскав дониста мешуд. Рамзесс Шогунов 35 сол дошта, зодаи ноҳияи Мурғоб аст ва дар Интернет пиромуни масоили Бадахшон доимо бо нигоҳи интиқодӣ изҳори назар мекард. Ӯ яке аз онҳое буд, ки ҷараёни эътирозро дар назди сафорати Тоҷикистон дар Интернет ба таври мустақим пахш кард.

Аммо дар видеои субҳи 31 июл нашршуда Ораз Вазирбеков, ки бо забони русӣ сухан меронд, гуфт, ки ӯ субҳи 30 июл худаш бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон омадааст.  Ӯ афзуд: “Вақте инҷо омадам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти зиёдеро дидам, ки маро аз Русия берун карда бошанд. Мехоҳам ба ҳама бигӯям, ки ман худам шахсан ба инҷо омадам. Ва дар инҷо мақомоти тафтишотӣ ба ман саволҳо доштаанд. Ман инро ҷиддӣ намегирифтам. Вақте ба инҷо омадам, ба раёсати тафтишотӣ рафтам ва фаҳмидам, ки ба ман дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ саволҳо доранд. Ман тайёрам ба ҳамаи саволҳо ҷавоб диҳам. Агар бегуноҳ бароям, баргамегардам, вале агар гунаҳкор бароям, тайёрам адои ҷазо кунам”.

Рамзесс Шогунов, ки ба дунболи Ораз Вазирбеков ва бо забони тоҷикӣ сухан ронд,  танҳо ҳамин қадар гуфт, “ҳарчӣ ки бародарам Ораз гуфт, гапҳояшро тасдиқ мекунам. Мо ҳозир дар назди тафтишот ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳем гуфт. Агар гуноҳҳои мо тасдиқ шавад, ба гуноҳҳои худ ҷавоб мегӯем.”

Дар чӣ шароит сабт шудани ин видео маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки кадом ниҳод ба истирдоди ин ду фаъоли бадахшонӣ аз Русия ноил шудааст ва оё Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо ҳоло дар кадом боздоштгоҳ қарор доранд ва мушаххасан ба чӣ айбдор мешаванд? Мақомоти Русия ва Тоҷикистон то кунун дар бораи истирдоди  ин ду нафар изҳори назар накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button