ВидеоТаърихЧеҳраҳо

МУҲОФИЗИ №1 ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА СИННИ 60 РАСИД

Генерал – лейтенант Муродалӣ Саидзода, сардори хадамоти муҳофизати президенти Тоҷикистон ва амалан муҳофизи №1 Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 августи соли 2022 ба синни 60 расид.

Муродалӣ Саидзода, ки яке аз шахсиятҳои пурнуфуз дар доираҳои ҳокими кунунии Тоҷикистон дониста мешавад, аз поёни соли 1992, инак қариб 30 сол боз ба ҳайси сармуҳофизи Эмомалӣ Раҳмон президентро дар сафарҳои дохилию хориҷиаш ҳамроҳ ӣ мекунад. Генерал Муродалӣ Саидзодаро бисёриҳо наздиктарин ва содиқтарин нафари президенти Тоҷикистон ном мебаранд ва мегӯянд, ба фарқ аз бисёре дигар аз нафарони наздик ба Эмомалӣ Раҳмон, сармуҳофизаш ҳеҷ гоҳ ягон сирри зиндагии президентро ба берун набароварда ва дар ягон ҷо нагуфтааст.

Муродалӣ Саидзода (Мурод Саидов) 1 августи соли 1962 ба дунё омадааст. Ӯ зодаи совхози боғутокпарварӣ (“садвинсовхоз”, ҳоло ҷамоати ба номи Рӯдакӣ)-и ноҳияи Восеъ буда, дар поёни соли 1992, вақте ҳамагӣ 30 сол дошт, аз замони ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси муҳофизи ба кор пазируфта шуд ва инак 30 сол боз масъулияти таъмини амнияти президенти Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

Аз ҷумла 25 сол пеш, 30 апрели соли 1997 дар майдони назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз силоҳу граната ва маводи тарканда сӯиқасд сурат гирифт. Дар натиҷаи он ҳамла  беш аз 50 нафар, аз ҷумла президент, ҷароҳат бардоштанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, ки аз пояш ҷароҳат бардошт, баъди ҳамагӣ ним соат, дар пайи муоинаи табибон ба толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баргашт ва дар пеши мардум суханронӣ кард.

Дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд чанд нафар, аз ҷумла Хуршед Абдушукуров, мулаққаб ба “Тайсон” ва Абдулло Абдуллоҷонов – бародари сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро гунаҳкор карданд. “Тайсон” ҳангоми сӯиқасд кушта шуд, вале бародари Абдуллоҷоновро ба қатл маҳкум карданд.

Ёқуб Салимов, ки соли 1997 раиси гумрук буд ва президентро дар он сафар ҳамроҳӣ мекард, чандин бор гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмонро он рӯз аз марг наҷот дод.

Вале ду сол пеш нашрияи “СССР” дар як матлаб навишт, ки ҷони Эмомалӣ Раҳмонро  дар Хуҷанд сармуҳофизаш Мурод Саидов наҷот дода буд, на Ёқуб Салимов.  Ҳамчунин журналист Нилуфари Азиз ҳамон соли 2020 дар як филми мустанад бо номи “Дурбини ҳақиқат” видеоҳои нодири сӯиқасди 30 апрели соли 1997 ба ҷони президентро нашр кард ва низ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро Мурод Саидов наҷот дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button