ИқтисодМуҳоҷирон

ФАВРӢ! АЗ 30 АВГУСТ ҲАРАКАТИ ҚАТОРҲОИ МУСОФИРКАШ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ АЗ САР ГИРИФТА МЕШАВАД

Ҳаракати қаторҳои мусофиркаш байни Тоҷикистону Русия, ки аз 17 марти соли 2020 ба сабаби коронавирус мутаваққиф шуда буд, аз 30 августи соли 2022 аз сар гирифта мешавад. Рӯзи 18 июл “РЖД” (Ширкати “Роҳҳои оҳани Русия”) бо нашри як иттилоия гуфт: “Бар асоси маълумотномаи ширкати фаръии давлатии “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, аз 30 август байни Русия ва Тоҷикистон мусофиркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан аз сар гирифта мешавад”.

Қарор аст, ҳаракати қаторҳои мусофиркаш аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон то шаҳри Волгогради Русия ба роҳ монда шавад.

Ҷадвали ҳаракати қаторҳои ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” чунин аст:

– аз 30 август — хатсайри N329/330 Душанбе — Волгоград  ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе аз Душанбе ба самти Волгоград ҳаракат карда, рӯзҳои ҷумъа аз Волгоград ба самти Душанбе ба роҳ мебарояд;

– аз 7 сентябр — хатсайри N359/360 Хуҷанд — Волгоград, ҳафтае як маротиба, ҳар рӯзи чоршанбе аз Хуҷанд ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба роҳ мебарояд.

Сафар бо қатори роҳи оҳан аз Тоҷикистон то Русия ва баракс се шабонарӯзро дар бар мегирад. РЖД гуфт, фурӯши чиптаҳо бояд рӯзҳои наздик сар шавад. Нархи сафар бо қатор байни Русияву Тоҷикистонро ҳанӯз эълон накардаанд.

Ёдовар мешавем, моҳи марти соли 2020 Русия ба сабаби коронавирус марзҳояшро баст ва мусофиркашониро бо аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла бо Тоҷикистон қатъ кард. Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо байни ду кишвар аз 1 апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд, вале азсаргирии ҳаракати қаторҳову автобусҳо қариб дувуним сол тӯл кашид.

Рӯзи 18 июл Ӯзбекистон эълон кард, ки ҳаракати автобусҳоро то Русия аз сар мегирад.

Мусофиркашонӣ бо нақлиёти заминӣ (бо автобусҳо ва бо роҳи оҳан) байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бавижа барои он муҳоҷирони корӣ, ки тавони молиявиашон заифтар буда, зӯрашон барои пардохти чандсад доллар барои чиптаи ҳавопаймо намерасад, муҳим аст.

Ин қишри муҳоҷирон акнун метавонанд худро бо харҷи камтар то Русия бирасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button