Илму фанноварӣТаърих

ОЁ МО БУТПАРАСТ БУДЕМ?

Ё ЧАНД НОГУФТАЕ АЗ ТАЪРИХ АТРОФИ БУЗУРГБУТҲОИ ҚАЛАМРАВИ ОРИЁНОИ ҚАДИМ

Maсрур Меликзода 

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Диёри Бомиён яке аз кӯҳантарин мавзеъҳои Варорӯди кӯҳан шинохта мешавад, ки миёни ду риштаи кӯҳи Бобо ва Ҳиндукӯш дар маркази кишвари Афғонистон қарор гирифтааст.

Вожаи Бомиён дар забони дарии қадима ва дар Авасто бо номи Бомикон ёд шудааст, ки ба маънои дурухшандагӣ ва рӯшноист. Сакоиҳо яке аз таборҳои ориёӣ буданд, ки дар даштҳои Осиёи Миёна сукунат доштаанд. Рақобат барои дастёбӣ ба сарзаминҳои бештар аз дуриҳои дур миёни одамиён вуҷуд доштааст. Ва ориёиҳо низ аз ин кор дур набудаанд. Нахустин подшоҳӣ дар миёни ориёиҳо ба дасти Модҳо шакл гирифт. Ва пас аз он ин мардумон бо як порча намудани ақвоми ориёӣ ва чирагӣ бар сарзаминҳои Бобул ва Варорӯд шоҳаншоҳиро дар ин қаламрав бунёд ниҳоданд.

Ориёиҳо натанҳо аз як нажод, балки дорои сохтори яксоне ҳастанд, ки то имрӯз ин дар забон, зиндагӣ ва оинҳои мардумони мо ҷорист.

Ҳарчанд бо фурӯпошии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён дар соли 330 пеш аз мелод бо дасти Искандар, фармонравоии ин сарзаминҳо ба дасти юнониён афтод, аммо ин фармонравоӣ дере напоид. Чаро кӣ роҳбари яке аз вилоятҳои анҷумани юнониён яъне Ашки якум, ки аз табори сакоӣ буд, аз вилояти Порт бархурӯшид ва фармонравоии Селевкиёни юнонитаборро фурӯ рехт, то дар соли 247 пеш аз мелод шоҳаншоҳии Ашкониён бунёд ниҳода шавад.

Дақиқан дар ҳамин солҳо барои густариши ҳар чӣ бештарӣ бозаргонӣ тариқи шоҳроҳи Абрешим бистари муносибе фароҳам оварда шуд. Роҳи Абрешим кӯҳантарин масири бозаргонии ҷаҳон шинохта мешавад, ки Ховари дур то Аврупоро ба ҳам пайванд медод ва сабаби табодули фарҳанг, фанноварӣ ва молу коло мешуд.

Дар соли 30-уми мелодӣ шоҳаншоҳии тозае бо номи Кӯшониён сар барафрошт. Сипоҳиёни кӯшонӣ анҷумане аз мардумони бумии тоҷиктабор, иборат аз тахориҳо ва бархеи дигар аз қавмҳои кӯчнишини ҳиндуаврупоӣ буданд.

Онҳо тавонистанд, вопасинтарин давлати юнонитаборро дар Бохтар ё Балх, ки пас аз Селевкиён барҷой монда буд, сарнагун кунанд. Ва фармонравоии тозае бо пойтахти пуршукӯҳ созмондиҳӣ намоянд. Дар замони фармонравои Канишкаи якум миёни солҳои 127 то 147-уми мелодӣ ин подшоҳӣ ба авҷи боландагии худ расид.

Багром пойтахти тобистона ва Матуро, шаҳре дар Ҳиндустон пойтахти зимистонаи Кӯшониён буд. Илова бар ин Пешовар ва Таксило дар Покистони кунунӣ низ ду шаҳри бузурги дигаре аз ин фармонравоӣ ба шумор меомаданд.

Яке аз бошукӯҳтарин давраҳои таърихии диёри Бомиён дар давраи Кушониён рақам хӯрдааст. Ин шаҳр пойтахти фарҳангӣ ва оинии шоҳаншоҳии Кӯшон будааст. Аз сӯи дигар, Бомиён бо қарор гирифтан дар Шоҳроҳи абрешим, ба маконе барои парастишгоҳҳои будоиён бадал шуд ва ниёишгарони фаровоне аз ҳар ҷои сарзаминҳои Ҳиндустон, Тибет ва Чин роҳии ин диёр мешудаанд.

Ба гумони бостоншиносон, миёни солҳои 507 то 554-и мелодӣ ду тандиси беҳамтои Будо дар дили кӯҳҳои бахши Ҳазористон дар шаҳри Бомиён, тарошида шудаанд.

Будои бузурги Бомиён дастоварди шигифтангез аз корварзон ва муҳандисонест, ки ин пайкараи 53-метриро дар тоқчае бо баландии беш аз 58 метр дар жарфнойи 18 ва паҳнои 21 метр дар дили кӯҳ кандаанд. Пайкари кӯчактарро низ Шаҳмома мехондаанд, ки ба маънои шаҳбону мебошад. Баландии ин пайкара низ 35 метр гузориш шудааст.

Шуон Занг, роҳиб ва сайёҳи чинӣ , ки дар асри 7-уми мелодӣ ба Бомиён сафар карда буд, аз зебогиҳои ин шаҳр суханҳои фаровон рондааст.

Ин ҷаҳонгарди чинӣ ҳамчунин аз пайкараи Будои орамидае ёд мекунад, ки тулли онро камтар аз 300 метр муайян кардааст. Аммо то кунун ҷойгоҳи ин пайкара дар Бомиён пайдо нашудааст. Ин тандис бузургтарин муаммои таърихии Ориёзамин шинохта мешавад.

Ҳамингуна як муҷассамаи бузурге дар ҳолати хобида аз ёдгории Аҷинатеппаи Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Бохтар, ки вайронаҳои дайри будоӣ аст, ёфт гардид. Тӯли ин муҷассама 12 метр ва баландиаш 2,5 метрро ташкил дода, аз машҳуртарин бозёфтҳои оини будоӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад. Имрӯз ин ёдгории беҳамто дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.

Суоли матраҳ инҷост, ки бунёди дайри будоӣ ва сохтани чунин азимбутҳо дар қаламрави ориёнои бузург барои мардумони мо, ки асалан дар оини Меҳрпарастӣ буданду ҳамзамон худои ягонаро бо исми Аҳурамаздо мешинохтанд ва ҳеҷ гароише ба ин дин надоштаанд, чӣ зарурате дошт?.

Чӣ тавре дар болотари гузориши хеш таъкид доштем, бино бар сабаби густариши масири тиҷоратии Абрешим ва бозаргонии чашмгире аз Ховари дур ба Осиёи Миёнаву Аврупо дар фосилаи чандсадкилометрии ин роҳи савдо оингоҳҳои будоӣ сохта мешуданд. Чаро ки бузургтарин тоҷирони он замон аз Чину Ҳиндустон низ равонаи ин масири бозаргонӣ мешудаанд ва онҳо ниёзманди чунин дайрҳо будаанд.

Аз нигоҳи дигар бунёди ин оингоҳҳо барои мардумони мо манфиати хеле зиёде меовард. Зеро тоҷирон бо зиёрату истироҳат дар ин оингоҳҳо ба мардумони таҳҷоӣ маблағи хубе пардохт мекарданд. Яъне ин маконҳо натанҳо як маъбад будааст, балкӣ чун меҳмонхона низ хизмат мерасонидаанд.

Омили савуми бунёдшудани чунин оингоҳҳои муҳташами будоӣ дар замони Кӯшониён ин мисли ҳар аҷдоди гузаштаи тоҷикон, арҷ гузоштани шоҳони ин сулола ба адёни ҷаҳонӣ, махсусан ба пайравони будоӣ будааст, ки дар он замон қисмати зиёди Ҳиндустон зери султаи Кӯшониён буд ва ҳиндувон дар оини будоӣ буданд.

Рафта-рафта аз қарни 7-уми мелодӣ оини Ислом дар Ховари миёна густариш пайдо кард ва дар давраи давлати Ғазнавиён, яъне миёни солҳои 977 то 1186-и мелодӣ бештари бошандагон дар сарзаминҳои ин фармонравоӣ ба оини Ислом гароиданд.

Дар ҷараёни нооромиҳои Афғонистон дар соли 2001 –ум гурӯҳи толибон бо бешармии тамом ёдгории дерини Бомиёнро хароб сохтанд. Аммо таърихи кӯҳани Бохтар бо аз миёнрафтани ин ду пайкара ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Ва овои хуши фарҳанги Бомиён ҳамеша бар сипеҳри нилгуни даштҳои ин диёр ҷорист.

Ин гурӯҳи силаҳшӯрони харобкор, ки дар тӯли таърихи фаъолияти худ ба тундгароӣ гароидаанд, ҷаҳонро ба ҷуз вайронӣ ба ҷое накашидаанд.

Ва афсӯсу ҳазор афсӯс, ки мо аз таърих сабақҳо намегирем.

Гузоришгари таърихӣ: Масрур Меликзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button