ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ 12 СОКИНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ БАРОИ “ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ МАМНӮЪ”

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 15 июли соли 2022 дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимаи аввали соли ҷорӣ додгоҳҳои ин минтақа 24 парвандаро нисбат ба 32 нафар баррасӣ карда,  аз ин шумор танҳо 2 нафарро ҷарима баста, 30 нафари боқимондаро равонаи зиндон кардаанд.

Бино ба иттилои Payk Tj, ягона нашрияи мустақили фаъол дар минтақаи Кӯлоб ва саросари вилояти Хатлон, аз ин 24 парвандаи баррасишуда 12 парвандааш бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 (ташкили фаъолияти созмонҳои мамнӯи ифротӣ бо истифода аз Интернет) буда, бар асоси ин модда дар моҳҳи январ-июни соли 2022, дар умум 12 сокини минтақаи Кӯлобро маҳкум ба зиндон кардаанд.

Ин афрод ба он гунаҳкор дониста шудаанд, ки аз тариқи васоили Интернет, аз ҷумла мессенҷерҳо, бо созмонҳое, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ мамнӯъ шудааст, иртибот барқарор карда, бо ин созмонҳо пайваста дар муоширату гуфтугӯ будаанд.

“Пайк” менависад,  яке аз ин маҳкумшудагон сокини вилояти Суғд Қаландаров Бузургмеҳр Аҳрорович, таваллудаш 26 ноябри соли 1983, маълумоташ олии нопурра мебошад. Аз маводи парвандаи ӯ бармеояд, ки Бузургмеҳр Қаландаров дар шабакаи Фейсбук суроғаи худро гузошта, пайваста бо “гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ” дар иртибот будааст. Маҳкумшуда тибқи талаботи моддаи 307(3) ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон гуруҳҳои умдаи мухолифини сиёсии худ, аз ҷумла Паймони миллӣ, ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”-ро низ “гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ” номида, фаъолияти онҳоро дар кишвар бо қарорҳои Додгоҳи олӣ манъ кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифин мегӯянд, мақомот моддаи 307-ро ба сурати хеле фаровон барои таъқиби дигарандешон ва мунтақидони ҳукумат истифода мебаранд. То имрӯз дар бораи боздошту зиндонӣ шудани даҳҳо нафар бо чунин ҷурм гузоришҳо ба даст расидаанд.

Танҳо тайи ду моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам 7 журналисту блогер ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар баробари иттиҳомоти дигар, як иттиҳоми асосӣ ба зидди дастикам 3 нафари онҳо (Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Улфатхоним Мамадшоева)  низ ҳамин иттиҳоми “ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротию террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ” мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button