Хабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ҲИСОР 280 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ ДУ МОШИНРО НАДОДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 12 июли соли 2022 аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург хабар дод.

Бино ба иттилои вазорат, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 38-солаи сокини пойтахт дар ин хусус муроҷиат намудааст, ки марди 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ва «Тойота Кемри-2», ки арзишашон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, нархгузорӣ карда гирифтааст. Ӯ аз ин маблағ танҳо 20 ҳазор сомониашро пардохт намуда, боқимондаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button