ВидеоФарҳанг

“ИНТИЗОР МЕМИРАД” – ТАРОНАИ НАВИ МУШТАРАК АЗ САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН ВА ЗУЛАЙХО МАМАДШОЕВА (ВИДЕО)

Ду овозхони шинохтаи тоҷик – Садриддини Наҷмиддин ва Зулайхо Мамадшоева – таронаи нави муштаракашонро бо номи “Интизор мемирад” нашр кардаанд.  Ин тарона бар пояи шеъри шоири шинохтаи тоҷик Озарахшро, ки рӯзи 8 июл  соли 2022 дар канали RaminMansour дар Ютуб нашр шуд, дар 3 рӯзи аввал дар каналҳои гуногуни Ютуб ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Оҳанги ин таронаи зеборо дар сабки ретро Даврони Раҳматзод навишта, бастакориашро Шароф анҷом додааст.  Садриддину Зулайхо дар ин тарона аз ҷумла мехонанд:

Агар ту боз н-оӣ, хумор мемирад,

Нигоҳ мешиканад, интизор мемирад.

Агар ту боз наоӣ, ҳавои хона тиҳист,

Сукут баҳри садои ту зор мемирад.

Садриддину Зулайхо ахиран ҳарду ба Австралия сафари ҳунарии муштарак доштанд ва таронаи “Интизор мемирад” зоҳиран меваи ҳамин сафари муштараки онҳост. Вале дар клип дида мешавад, ки коргардон Садриддину Зулайхоро алоҳида ва дар маконҳои мухталиф сабт кардааст.

Садриддини Наҷмиддин соли 1980 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳанӯз дар нимаи дуюми солҳои 90 бо таронаҳое, ки дар сабки шодравон Кароматуллоҳи Қурбон мехонд, ба саҳнаи эстрадаи тоҷик ворид шуд ва хеле зуд сабки худро пайдо карда, инак беш аз 20 сол боз яке аз ситораҳои раддаи аввал ва соҳибмактаби эстрадаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Садриддини Наҷмиддин чанд соли ахир дар Амрико кору зиндагӣ мекунад. Садриддин дар берун аз Тоҷикистон, бахусус дар байни эрониҳову афғонҳои муқими Амрикову Канадаву Австралия ва кишварҳои Аврупо низ мухлисони зиёд дорад.

ЗЗулайхо Мамадшоева соли 1993 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Зулайхо баъди аз саҳна рафтани Манижа Давлатова  бо тахаллуси Зу-Зу вориди саҳнаи калон шуд ва чанд соли аввал бо сабки Манижа, аз ҷумла бо оҳангҳои навиштаи Манижа тарона иҷро мекард. Ҳоло Зулайхо низ аз ситораҳои эстрадаи тоҷик дониста мешавад ва дар берун аз Тоҷикистон низ дар байни форсизабонҳо мухлиси зиёд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button