ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

РАҲИМИ ҒАРМӢ ПЕШ АЗ САФАРАШ БА ҲАҶ БА 2О ОИЛА ХОНА ТУҲФА КАРДААСТ (ВИДЕО)

Абдураҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, соҳибкори шинохтаи дастбахайри тоҷик, ки ин шабу рӯз барои адои маносики Ҳаҷ дар Макка қарор дорад, қабл аз сафараш ба Ҳаҷ ба 20 оилаи ниёзманд хона туҳфа кардааст. Ин бар иловаи ду хонаест, ки Раҳими Ғармӣ дар моҳи июни соли 2022 ба ду ширинкори шинохта Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, ва Гулбаҳор Ғаффорова, ситораи собиқи студияи “Хандинкамон” туҳфа кард.

Раҳими Ғармӣ дар барномаи “Ногуфтаҳо” дар канали Орзу Исоев тартиби интихоби ин 20 оилаеро, ки бо кумаки ӯ соҳиби хона шуданд, чунин нақл кард: “Мо оилаҳоеро, ки ба мо муроҷиат карда буданд,  ба се гуруҳ тақсим карданд: Оилаҳои муҳтоҷ, оилаҳои муҳтоҷтар ва оилаҳои муҳтоҷтарин. Ва кӯшиш кардем, ки ба оилаҳои муҳтоҷтарин дасти ёрӣ дароз кунем”.

Раҳими Ғармӣ қабл аз сафараш ба Ҳаҷ ин 20 оиларо дар тарабхонаи машҳури “CZN Burak” дар маркази Душанбе ҷамъ оварда, дар як маросими дӯстона калидҳои хонаҳои навро барояшон супурд.  Ин тарабхонаро ба Раҳими Ғармӣ мансуб медонанд ва аз ин рӯ, ҳар рӯз дар пеши дари он даҳҳо ниёзманд ҷамъ мешаванд ба ин умед, ки ин соҳибкори дастбахайр мушкили онҳоро ҳал кунад.

Орзу Исоев гуфт, Раҳими Ғармӣ қатъан мухолифин сабту нашри маросими тақдими калиди хонаҳои нав ба ин 20 оила буд, вале блогерҳо Саъдӣ Исмоилов ва Қурбон Неъматов ва худи Орзу Исоев ӯро мутақоид кардаанд, ки ин маросимро бояд таблиғ кард. Блогерҳо, ки дар таҳияи рӯйхатти ин 20 оила иштирок доштанд, гуфтаанд, ки намехоҳанд ин кори онҳо дар чашми мардум ношаффоф бинамояд. Орзу Исоев таъкид кардааст, ки таблиғи чунин иқдомҳои хайр ба он хотир зарур аст, ки хайру эҳсон ва гирифтани дасти дармондагон дар ҷомиа ба фарҳанг ва як амри муқаррарӣ табдил биёбад.

Орзу Исоев гуфт, дар байни онҳое, ки соҳиби хона шуданд, чанд нафар маъюби бистарӣ буданд ва дар ин маросим иштирок карда натавонистанд. Калиди хонаҳои онҳоро бурда, ба дасташон супурдаанд.

Абдураҳим Бобоҷонов 4 марти соли 1979 дар рустои Почеи поёни ноҳияи Рашт дар оилаи Муҳибулло Бобоҷонов, роҳбари собиқи яке аз хоҷагиҳои дараи Камароби ин ноҳия ба дунё омада, баробари ба балоғат расиданаш ба Русия рафт ва онҷо ба соҳибкорӣ машғул шуд. Раҳими Ғармӣ тиҷорати худро аз савдои пойафзол дар бозори шаҳри Новосибирск оғоз карда, баъди чанд сол шабакаҳои мағозаҳояшро бо номи “Планета обуви” дар Новосибирск ва чандин шаҳри дигари Русия таъсис дод. Ба дунбол, ӯ шабакаи мағозаҳои “Планета одежды”-ро дар чанд шаҳри Русия таъсис дода, як бозорро харид ва ба фурӯшгоҳи муосир табдил дод.

Раҳими Ғармӣ дар натиҷаи тавтиасозиҳои рақибонаш соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, аз ин кишвар ихроҷ шуд ва ба Ватан баргашт. Ӯ ахиран дар Душанбе ҳамроҳ бо ошпази машҳури турк Бурак Ӯздемир тарабхонаи “CZN Burak”-ро таъсис дод.

Раҳими Ғармӣ бо дасти  хайри худ машҳур буда, ба садҳо оилаи ниёзманд ва ҳамин тавр, ба аҳли ҳунар ва қалам ва ба варзишгарони тоҷик кумак мерасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бисьер кори хуб!!!! Офарин!!!! Парвина Юсуфи яке аз сурудхонхои бехтарин аст, лекин бе хонаю дар хизмат мекунад. Орзучон илтимос уро фаромуш накунед!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button