ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ОҒОЗИ ҲАБСУ МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛКИ ЛИДЕРҲОИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии Pamir Daily News, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳабс ва мусодираи молу мулки лидерҳои ғайрирасмии ин минтақаи мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ сар кардаанд. Мусодираи молумулки лидерҳои ғайрирасмӣ дар пайи амалиёти вижаест, ки дар ҷараёни он дастикам 3 тан аз лидерҳои Бадахшон кушта ва боқимондааш боздошт шуданд.

Бино ба иттилои манобеи Pamir Daily News, мақомот алакай осоишгоҳҳои марбут ба Толиб Аёмбеков ва Хурсанд Мазоров дар мавзеи Ҷелондиро ба ҳабс гирифта, дар Хоруғ корхонаи нони марбут ба Толиб Аёмбеков, корхонаи гӯшти марбут ба Насриддин Сабзалиев ва амбори маводи сӯхт ё нефтебазаи соҳибкор бо номи Қурбонбекро ба ҳабс гирифтаанд. Толиб Аёмбеков рӯзи 11 июн дастгир гардида, Хурсанд Мазоров рӯзи 12 июн кушта шуд.

Манобеи Pamir Daily News ҳамчунин хабар додаанд, ки баъди судури ҳукми зиндони Салам Имомназаров, мақомот тибқи ин ҳукм дар пайи ба фоидаи давлат мусодира кардани молу мулки ӯ, аз ҷумла хонаву мағоза ва толори варзишиаш дар маҳаллаи УПД шудаанд. Писари Имомназар Имомназаров, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, 4 моҳ пеш дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми бозгашташ аз Туркия дастгир ва моҳи июн ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Салам Имомназаров, ки моҳи сентябри соли 2021 дар як муноқиша бо одамони Толиб Аёмбеков тир хӯрда буд, дар Туркия табобат мегирифт.

Дар бораи ҳабс ё мусодираи молу мулки дигар лидерҳои ғайрирасмӣ ҳанӯз хабаре ба даст нарасидааст. Вале манобеи наздик ба мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфтаанд, ки то кунун ягон молу мулки арзишманди Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои аз ҳама бонуфузи Бадахшонро пайдо карда натавонистаанд. Албатта, ба ҷуз аз як хонаи кӯҳнааш дар маҳаллаи Бархоруғ ва чанд сар қӯтос дар ноҳияи Мурғоб, ки Боқир дар онҷо чандин сол фармондеҳи қисми ҳарбии  Қӯшунҳои марзбонӣ буд.

Амалиёти вижа ба зидди лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон 11 июни соли 2022 бо боздошти Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов оғоз ёфтанд. Рӯзи 12 июн дар ҷараёни чунин амалиёт дар маҳаллаи УПД ду лидери ғайрирасмии ин қисмати Хоруғ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов кушта шуда, ба дунбол, дигар афроди пурнуфузи минтақа ҳам дастгир гардиданд. Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартибот дар Бадахшон рӯзи 16 июн ҳисобот дод, ки ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии вилоят боздошт ё безарар гардонида шуда, фаъолияти онҳо пурра қатъ карда шуд.

Мақомот аз байни лидерҳои ғайрирасмӣ танҳо ба Ёдгор Мамадасламов кор нагирифтанд. Як манбаи “Бомдод” қаблан гуфт, ки мақомот дар ҳоли ҳозир даъвое бо Ёдгор надоранд, чунки ба гуфтаи ӯ, Мамадасламов аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ кайҳо канор рафта, дар маҳалли зисташ: деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба ҳаёти оддӣ баргаштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button