Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ ДУ КОРДФУРӮШ БО 23 КОРД ВА 4 ЭЛЕКТРОШОКЕР ДАР ДУШАНБЕ (6 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки рӯзи 30 июни соли 2022 дар марҳалаи навбатии амалиёти “Корд”, ки дар пойтахти Тоҷикистон инак 4 сол боз идома дорад, кормандони милится дар пойтахт ду фурӯшандаи кордро дастгир ва аз онҳо беш аз 20 корди тамғаҳои гуногун ва ҳамчунин 4 электрошокер ёфта ва мусодира кардаанд.

Аз ҷумла, ҳангоми азназаргузаронӣ аз дӯкони шаҳрванд Музаффаров Амир Муродович, соли таваллудаш 18.05.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Қулписта, дар бозори “Варзоб” 16 адад кордҳои гуногунтамға ва як адад электрошокер дарёфту мусодира карда шудааст.

Музаффаров Амир

Инчунин кормандони милитсия аз шаҳрванд Алимбоев Алишер Алиевич санаи таваллудаш 06.04.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навбаҳор, соҳибкори бозори “Ганҷина” 3 адад электрошокер ва 7 адад кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира кардаанд.

Нисбати ин ду нафар фурӯшанда-паҳнкунандагони силоҳҳои сард маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Алимбоев Алишер

Ҳамин тавр, кормандони милитсия дар маҳаллаи Яккачинор шаҳрванд Қаюмов Неъмат Назруллоевич, санаи таваллудаш 17.04.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2-ро, қаблан бар асоси моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва бо корд мусаллаҳ ба кӯчагардӣ машғул буд, дастгир ва аз ӯ як адад кордро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карданд. Нисбат ба Неъмат протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро алакай ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз маҳкум кардаст.

Қаюмов Неъмат

Милитсияи Душанбе бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғонро боиси ташвиш номида, хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти шартии “Корд”  ду ноболиғ низ дастгир ва аз яке аз онҳо як электрошокер ва аз дигарӣ як адад корд ёфта ва гирифта шудааст. Вобаста ба ин нисбат ба волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд.

Дар умум, рӯзи 30 июн дар ҷараёни амалиёти “Корд” 24 корди гуногунтамға, 4 электрошокер ва як адад кастет дарёфту мусодира карда шудаанд.

“Мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар марҳилаҳои навбатӣ амалиёти мазкурро то пурра решакан намудани ин омили номатлуб идома медиҳад.  Вобаста ба ин, аз кулли шаҳрвандон, махсусан сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе тақозо карда мешавад, ки нисбати таълиму тарбияи фарзандони худ бетафовут набошанд, ҳамзамон бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин бо истифода аз силоҳи сард ба мақомоти милитсия кӯмак намоянд”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе. Мақомот муътақиданд, ки мусодираи силоҳҳои сард, то андозае пеши роҳи ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин бо истифода аз силоҳи сардро мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button