Ҷомеа

БИБИЮ НАБЕРА ДАР РӮДИ ВАХШ ҒАРҚ ШУДАНД ВА ЯК ДУХТАРИ 15-СОЛА – ДАР ЗАҲБУРИ ОБИ СИЁҲ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 1 июли соли 2022 хабар дод, ки рӯзи 29 июн як зани 59-сола аз ҷамоати Золи Зари ноҳияи Балхӣ ҳамроҳи набераи 11-солааш ба сабаби чаппа шудани аробаи пур аз ҳезумашон дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд. Хушбахтона, ду набераи дигар ин пиразан, ки низ дар он ароба буданд,  тавонистаанд наҷот ёбанд.

Ҳамон рӯзи 29 июн як духтари ноболиғи 15-соладар деҳаи Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ дар заҳбури Оби Сиёҳ ғарқ шудааст.

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон алакай ҳудуди 70 нафар ғарқ шудаанд. Наздики 40 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд. Соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Тибқи маълумоти Раёсати  ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон  рӯзи 29-уми июни соли равон як сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ  бо набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.

Ҳодиса замоне рух дод, ки онҳо баъди ғунучини ҳезум аз соҳили дарё ба хона бармегаштанд. Дар хабар гуфта шудааст, ки ин ҳамроҳ бо се наберааш, ки 9, 12 ва 11 сол доштанд, тибқи одати маъмул дар соҳилҳои Вахш ҳезум ҷамъоварӣ мекарданд. Онҳо ҳамеша бо аробае, ки ба як хар баста шуда буд, маҳсули заҳматҳои рӯзонаашонро бор карда, ба хона бармегаштанд.

Аммо ин бор баногаҳ ароба чаппа шуд ва ба дарё сарозер рафт. Ду набераи пиразан бо азобеву талошҳо худро аз об берун мекашанд ва солим ба соҳил мебароянд. Аммо зан бо як набераи 11-солааш ба ҳалокат мерасанд.  

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дирӯз то бегоҳ дар ҷойи ҳодиса ва қад-қади дарё ғарқшудагонро ҷустанд, вале бенатиҷа буд. 

Субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯ дубора аз сар гирифта шуданд.

*****    *****    ****

Бино ба хабари дигар як духтари 15-сола, сокини деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ бегоҳии рӯзи 29-уми июни соли 2022 дар заҳбури Оби сиёҳи деҳа ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодиса маълум нест.

Субҳи рӯзи гузашта, 30-уми июн ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади марҳумро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button