ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҶомеа

ДАР ЯЗГУЛОМ ЯК МОДАРИ ҶАВОН БО ТИФЛИ ЯКСОЛААШ ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  аз  ғарқ шудани боз се нафар, аз ҷумла ду кӯдак хабар дод. Дар як маврид дар Язгулом як модари ҷавон худро ҳамроҳи тифли яксолааш ба дарё партофта, худкушӣ кардааст.

Бино ба иттилоияи кумитаи, рӯзи 13 – уми июни соли 2022, соати 17:30 дақиқа як хонуми ҷавон, сокини кӯчаи Бӯстонсаройи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада хабар дод, ки писараки шашсолаи ӯ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Бо дарёфти хабар кормандони наҷот ва ғаввосони Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Дар айни замон имдодгарон ба корҳои ҷустуҷӯӣ идома медиҳанд.

****    ****    ****

Ҳамчунин  рӯзи 13-уми июн, соати 12:10, дар соҳили дарёи Панҷ, дар рӯбарӯи деҳаи Даштаки ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ ҷасади як зани 20-солаи сокини деҳаи Будуни ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷро пайдо карданд. Ин зан ҳанӯз рӯзи 1 июн худро ҳамроҳи писари яксолааш ба дарёи Язгулом партофта, худкушӣ карда буд. Сабаби худкушии  ин ҷавонзан маълум нест.

Ҷустуҷӯи тифлаки яксола идома дорад.

Бино ба омори КҲФ,  аз аввали сол то 14 – уми июни соли равон дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай 56 нафар ғарқ шудаанд, ки 30 нафари онҳо  кӯдакони то 16-солаанд.

Бино ба таҳлилҳо 5 нафари ғарқшудагон тифлони то 5-сола, 9 тани онҳо  аз 5 то 10-сола ва 16 нафарашон аз 10 то 16-сола будаанд. Шумори аз 19 то 35-солаҳо 19 нафар ва болотар аз 35-сола 7 нафар мебошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар бисёр маврид кӯдакон наврасон  ҳангоми оббозӣ маҳз ба далели беэътиноиву беназоратии калонсолон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Соли 2021 низ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буд.

Дар рӯзҳои охир алакай ду сокини Бадахшон худро ба дарё партофта, худкушӣ мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як рӯз қабл хабар дод, ки рӯзи 12 июни соли 2022 як сокини 55-солаи деҳаи Мидинвиди ҷамоати деҳоти Барбози ноҳияи Роштқалъа худро ба дарёи Шоҳдара андохта, даст ба худкушӣ задааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки аҳолии деҳа дастаҷамъӣ ба ҷустуҷӯи ғарқшуда афтоданд ва соати 15:50 ҷасади ӯро пайдо карда, хешовандонаш супурданд.

Сабаби худкушӣ маълум нест.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

КҲФ: Аз аввали сол то имрӯз дар обҳои кишвар 56 нафар ғарқ шуданд. ХЕЛЕ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!

Оғози гармиҳо ҳамеша ташвишу изтиробҳое доранд, бахусус агар одамон мехоҳанд истироҳати худро дар назди махзанҳои об гузаронанд. Табиист, ки истироҳат дар ин гуна мавзеъҳо наметавонад бе оббозӣ гузарад. Хушо ба ҳоли касоне, ки ҳам шиноварӣ медонанд ва ҳам қоидаҳои бехатариву амниятиро ҷиддан риоя мекунанд. Вале дар миён касоне низ ҳастанд, ки бори аввал шояд вориди об мешаванд ва талош мекунанд кӯр-кӯрона шиноварӣ кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора таъкид мекунад:

КӮДАКОНРО ДАР СОҲИЛҲО ТАНҲО ВА БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!

ЧАРО:

Оморҳо баёнгари онанд, ки аз аввали сол то 14 – уми июни соли равон дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ дар обҳои кишвар 56 нафар ғарқ шудаанд, ки 30 нафари онҳо то 16-солаанд.

Бино ба таҳлилҳо 5 нафари ғарқшудагон тифлони то 5-сола буданд, 9 тани онҳо то 10-сола ва 16 нафарашон аз 10 то 16-сола буданд. Шумори аз 19 то 35-солаҳо 19 нафар ва болотар аз 35-сола 7 нафар мебошанд.

Таҳлилгарон аз беназорати калонсолон изҳори нигаронӣ мекунанд, чун дар аксар мавридҳои кӯдакон наврасон маҳз бар асари ҳамин гуна беэътиноиву беназоратӣ ҷони худро аз даст медиҳад. Дар ҳоле, ки кӯдак метавонад бо рӯ ба об афтад ва маҷоли паҳлу гаштан наёбад ва нафасгир шудаву ба ҳалокат расад. Ҳузури калонсолон дар ин гуна мавридҳо ҷони онҳоро аз марг наҷот медиҳад. 

Бинобар ин ба ҳар инсон зарур аст, ки шиновариро омӯзад, ҳамеша қоидаҳои онро риоя кунад ва тавонад сари вақт ба ёрии ғарқшудагон расад.

Бахусус беназорат мондани кӯдакон дар соҳилҳо басо хатарнок мебошад. Кӯдак ҳатто метавонад аз шуои офтоб осеб дида, гирифтори оқибатҳои нохуш гардад.   

Барои таъмини амнияту бехатарӣ дар об бояд қоидаҳои зерини бехатариро донист ва риоя кард:

– барои дар об ғарқ нашудан, бояд маҳорати хуби шиноварӣ дошт;

– ҳангоми шиноварӣ аз соҳил дур нараванд, чунки дар мавриди аз соҳил дур шудан қуввати шиновар заиф гашта, маҷоли бозгашт намеёбад ва ногаҳон ба таҳлука меафтад;

– танҳо баъди 1,5 – 2 соати ғизо хӯрдан, метавон оббозӣ кард;

– то назди заврақҳои муҳаррикдошта шино накунед, чунки ҳангоми наздик шудани заврақ, сатҳи об боло меравад ва баъди гузашта рафтани он, сатҳи об якбора паст шуда, метавонад боиси ғарқшавии шахс гардад;

– дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад;

– набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об ба он ворид шуд;

 – дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;

– дар об саргарми ҳар гуна бозиҳое нашавед, ки дасту пои шуморо аз ҳаракат медоранд ва ҳаракати шуморо маҳдуд мекунанд;

– ба кӯдакон ҳатман оббозӣ омӯзонед ва ҳангоми дар наздикии об будан, онҳоро беназорат нагузоред;

– агар ҳарорати бадани шумо боло ё поин бошад, оббозӣ кардан мумкин нест, ин хеле оқибати нохуб хоҳад дошт, дар об дар чунин ҳолат мондан хатарнок аст;

– дар ҷойҳои ношинос оббозӣ накунед;

– дар ҷойҳое, ки оббозиро манъ кардаанд ва ин гуна аломатҳо гузошта шудаанд, ҳаргиз оббозӣ накунед;

– агар шумо шиноварӣ наметавонед ва нохост вориди об шудед, дар об рӯболо бихобед, дастонатонро ба ду тараф кушоед, метавонед чуқур-чуқур ва тез-тез нафас кашед; 

– дар ҳолати амудӣ дар дохили об будан, пойҳоятонро тавре ба ҳаракат дароред, ки гӯё шумо дар дучарха педал мезанед;

– агар хаста шудед, пас пуштнокӣ хобида, дар рӯи об истироҳат кунед, барои ин  бозувон ва пойҳоятонро ҷафс накунед, ба сар дар об хобед ва истироҳат намоед;

– агар шумо хунук хӯрда бошед, дасту пойҳоятонро бо навбат ҷунбонида, гарм шавед ва чун замоне мегузарад, дубора ба самти соҳил ҳаракат кунед;

– агар шумо дар ҷараёни об мондед, диагоналӣ ба самти соҳили наздик ҳаракат кунед;

 Ва боз: Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва рӯйдодҳои нохуш, шумо метавонед ба қисми навбатдории фаврии КҲФ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед:

112, 93 880 28 19221-91-19, 223-13-11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button