Ҳодиса

ВАҚТЕ ПАДАР ДАР ХОКАТ МЕМОНАД…

Ҷамолиддин Фахриддин

ВАҚТЕ ПАДАР ДАР ХОКАТ МЕМОНАД…

Рӯзи 1 – уми июн як хешамон дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Душанбе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар дошт, ба садама дучор мешаванд. Ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Бохтар интиқол додан, бо вуҷуди он ки вуҷудаш пур аз дард буд, аз табибону милисаҳо хоҳиш мекунад, то ба падараш телефон кунанд. Падар, ки чанд лаҳза пеш писаро барои рафтан ба муҳоҷират дуо дода буд, ҳеҷ тасаввур намекард, чунин ҳодисаи ба сари ҷигарбандаш омадааст ва бо ҳазорон фикру хаёл ба тарафи бемерхонаи вилояти Хатлон, ки беш аз се соат роҳ аст, ҳаракат мекунад. Аснои сафар дилаш тоқат наоварда аз як дӯсташ хоҳиш менамояд, ки ба назди писараш рафта то садои фарзандашро фаҳмад. Бо як тамоси кӯтоҳ писар бо садои пасту пур аз дард ба падара мегӯяд, созам, дадаҷон, фақат биёед(((

Ҳангоми расидан ба беморхона падару писар чанд лаҳза бо ҳам суҳбат мекунанд. Баъди муайян шудани ташхис модар ҳам ба беморхона мерасад, вале бидуни суҳбат ҳамдигаро бо чашмони пур аз гуфтор ва навозишвор назр мекунанд, сипас соатҳои тахмин 4-и бегоҳ фарзандро аз падару модар ҷудо карда ба утоқи ҷарроҳӣ мебаранд. Ҳамаи хешовандон аз шом то саҳар интизори ба ҳуш омадани Фирӯзҷон мемонанд. Субҳи 2 – уми июн духтур ба назди хонавода меояду мегӯяд, худатонро ба даст гиред, зеро писаратон ба хоби абад рафт(((

Фирӯзҷон, ки ягона писар дар хонадон буд ва ба тозагӣ, аниқтараш панҷ моҳ пеш издивоҷ карда буд. Пеш аз сафар модараш хеле пофишорӣ мекунад, ки ба муҳоҷират наравад. Вале мегӯяд, очаҷон, як кор дорам, ҳамонро буд кардан лозим, биёям, дигар намеравам. Аммо, чӣ илоҷ, ки банда нақшаи дигар дораду Худо чизи дигар мехоҳад.

Фирӯзҷон пеш аз сафар анқариб ба ҳамаи хешовандону наздикон хайрбод мегӯяд, вале намедонист, ки то абад хайрухуш дорад. Модараш бо ягона хоҳараш бо сад фиғон шаҳписари 25 – солаамон гуфтаву мегиристанд(((

Падар, ҳангоми ба хок супоридани шоҳписараш охирон видоъро дар даруни қабр карду гуфт, фикр мекардам, ту мара ба хок месупорӣ, бачам ва аз хубиҳои писараш ёдовар шуд, ки сағераро сад гап мегуфтам дам намезад, механдиду сараша хам карда мерафт, ин гуфту чашмонаш пур аз об шуд(((

Ҳангоми бозгашт, модараш мегиристу мегуфт, соҳиби чандин бача шавед, то мисли ман хонатон холи намонад(((

Худо касеро бо фарзандаш имтиҳон накунад ва ба онҳо сабр диҳад.

Рӯҳат шод бод Фирӯзҷони азиз, ором бихоб! (30. 04. 1997 – 2. 06. 2022)

Аз “Бомдод”: Парвиз ТВ қаблан бо нашри видео аз ҷои садама хабар дода буд, ки рӯзи 1 июни соли 2022, тақрибан соати 13 дар роҳи Душанбе Бохтар якбора 3 мошин ба ҳам бархӯрдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button