ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

РАСИШИ КӮТОҲИ НОҚИЛҲОРО САБАБИ СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ФАРОВОН” МЕДОНАНД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон расиши кӯтоҳи ноқилҳоро як сабаби эҳтимолии сӯхтори бузург дар бозори “Фаровон”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон номид.

Бино ба иттилои Кароматулло Абдуллоев, сухангӯи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, соати 22:25 дақиқаи шаби 01 июни соли 2022 ба нуқтаи маркази алоқаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон оиди ҳодисаи сӯхтор дар ҶДММ Бозори «Фаровон-Қӯрғонтеппа», воқеъ дар кӯчаи Норинов 12-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, хабар расид.

“Дар баробари гирифтани хабар фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор ҳайати шахсии хадамоти давлатии оташнишонӣ бо теъдоди 148 нафар ва 28 адад нақлиёти оташнишонӣ аз рӯи даъвати №3, инчунин хадамоту мақомотҳои ҳамоҳангсозӣ сафарбар карда шуданд. Ҳангоми расидани воситаҳои хадамоти оташнишонӣ ба маҳали ҳодиса дар масоҳати 1200 метри мураббаъ мағозаҳову растаҳо ва соябонҳоро оташи кушод фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии сӯхтор ба дигар қисматҳои бозор ба миён омада буд. Сухтор дар соати 01:57 дақиқаи 02-юми июни соли 2022 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”, хабар медиҳад Кароматулло Абдуллоев.

Ҳамчунин дар хабар омадааст, ки “тибқи санҷиши пешакӣ, сххтор дар натиҷаи расиши кӯтоӽи ноқилӽо дар яке аз ошхонаӽои бозори мазкур сар задааст. Таӽқиқи пурраи сухтори мазкур аз ҷониби гуруӽи корӣ мавриди санҷиш қарор дорад”.

Мақомоти тандурустии шаҳри Бохтару вилояти Хатлон қаблан хабар доданд, ки бар асари сӯхтори шаби 1 ба 2 июни соли 2022 дар бозори “Фаровон” дар шаҳри Бохтар дастикам 12 кас осеб дидаанд. Вазъи соҳибкор Маҳмадӣ Сангов (бино ба манбаи дигар Маҳмад Сафаров), соли таваллудаш 1972 вазнин арзёбӣ мешавад. Ӯро бо 95% бадани сӯхта дар бахши реаниматсияи бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов бистарӣ кардаанд. Радиои Озодӣ хабар дод, ки ӯ дар бозори “Фаровон” дӯкон дошт ва ҳангоми сӯхтор мехост ба дигарон кумак кунад, вале бар асари таркиши балони газ баданаш сӯхта ва роҳҳои нафасгириаш низ осеб дидаанд.

“Азия Плюс”  хабар дод, ки дар пайи сӯхтори бозор 9 нафарро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ кардаанд. Аз ин шумор 8 нафарро баъди муоина ва даво кардан ҷавоб додаанд, вале  Маҳмад Сафаровро дар ҳолати вазнин дар бахши реаниматсия хобондаанд. Се нафари дигарро бо ҷароҳатҳои сабуктар аз бозори “Фаровон” ба бемористони шаҳрӣ бурдаанд.

Хабарнигори “Азия Плюс” бо нашри чанд акс аз маҳалли сӯхтор хабар дод, ки сӯхторнишонҳо танҳо субҳи 2 июн тавонистаанд оташро фурӯ нишонданд. Вале ба мушоҳидаи ӯ субҳи 2 июн низ сӯхторнишонҳо дар бозор ҷо-ҷо ба фурӯ нишондани боқимондаҳои сӯхтор идома медоданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор аз растаи қолинфурӯшон сар шуда, баъдан растаҳои матоъфурӯшон ва дӯконҳои фурӯши таҷҳизоти электрониро низ фаро гирифт.

Ин бори аввал нест ки ин бозор ба коми оташ меравад. 24 апрели соли 2013 низ бозори “Фаровон” дучори сӯхтори бузург шуда буд.

Бозори “Фаровон” баъди бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дуюмин бозори бузурги шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад. Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду карат қудо мебошанд, тааллуқ дорад. Бозори “Фарон” бошад таҳти идораи додарарӯсҳои президент аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ қарор дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳангоми сӯхтори шаби 1 июн мудири бозори “Фаровон” Хайрулло Саъдуллоев, додари хурдии Азизамоҳ Раҳмонова, ҳамсари президенти Тоҷикистон, низ дар ҷои ҳодиса қарор дошт.

Аксҳо аз “Азия Плюс”:

dav
sdr
sdr

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button