Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК НАВРАС ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС” ДАР НАЗДИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон боз аз як садамаи дигари марговар хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, 2-юми июни соли 2022, тахминан соати 17:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Раҷабзода Сино Неъматҷон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи И.Сомонӣ ба самти кӯчаи Варзишгарони пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Мусоҷонов Шоҳрух Акбаралиевич, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ, Мусоҷонов Ш.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

 Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Аз аввали моҳи июн ин алакай сеюмин садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 1 июн дар ду садама дар Норак ва Ҳисор ду ронанда ба ҳалокат расиданд.

Аз ҷумла, рӯзи 1-уми июни соли 2022, тахминан соати 11:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундаи-Портер”, Назаров Ҷанҷол Мирович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷал-ҷал ба самти шаҳри Норак, ногаҳон фишораш баланд шуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, автомашинаашро чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Назаров Ҷ.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба халокат расидааст.
Ҳамин тариқ, нимаи дуюми 1-июни соли 2022, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Салимов Тоҷиддин Акбархонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Айнӣ-Ҳисор” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба дарахтҳои арчаҳои канори роҳ бархӯрда, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа ронанда Салимов Т.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда ва беэҳтиётии ронандагон ҳангоми истифода телефонҳои мобил аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button