ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

АЛАКАЙ АЗ 20 ИЮН ҚАТОРИ ТОШКАНД – ДУШАНБЕ БА КОР МЕДАРОЯД. ИН ВА ДИГАР НАТИҶАҲОИ МУҲИМИ САФАРИ Э.РАҲМОН БА ӮЗБЕКИСТОН

Сафари кунунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистонро, ки 1 июни соли 2022 оғоз ёфт ва ҳанӯз идома дорад, метавон аз ҳоло яке аз пурмаҳсултарин сафарҳои хориҷии ӯ дар чанд соли охир номид.

Дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санади стратегӣ – Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд.

Раҳмон ва Мирзиёев  ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар рӯдхонаи Зарафшони  Тоҷикистон расман ҳусни оғоз бахшиданд.

 Ҷонибҳо ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки дар зудтарин фурсат, алакай аз 20 июни соли ҷорӣ ҳаракати қаторҳои мусофиркашро дар роҳҳои оҳани байни пойтахтҳо ба роҳ монда, дар оянда ҳаракати қаторҳоро байни дигар шаҳрҳои ду кишвар роҳандозӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти муштарак дар поёни музокироташ бо Мирзиёев зикр кард, ки  ҳоло “шаҳрвандони мо имкони рафтуомади озодона доранд. Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Узбекистонро бе мамоният убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст. Реҷаи муомилоти озоди молу хизмат таъмин карда шудааст. Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ӯ ва Мирзиёев рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро дар муносибатҳои Тошканду Душанбе ҳамчунон дар авлавият мегузоранд.

“Мо ба чараёни босуръати афзоиши гардиши мутакобилаи муомилоти мол, ки дар соли гузашта беш аз 600 миллион долларро ташкил дод, якдилона таъкид кардем. Умуман дар давоми шаш соли охир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ байни мамлакатҳои мо 40 маротиба афзуд!Мо барои расидан ба ҳадафе, ки қаблан бо муҳтарам Шавкат Миромонович муайян карда будем, яъне гардиши молро ба як миллиард доллар расонидан пайваста пеш рафта истодаем”, гуфт президенти Тоҷикистон дар изҳороти муштарак.

Ӯ аз ҷумла хотиррасон кард, ки  рӯзи 31 май дар ҷараёни мулоқоти ҷамъиятҳои тиҷоратии ду кишвар як бастаи томи шартномаҳо ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расид.

 Равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон дар даврони раҳбарии Ислом Каримов даврони мураккаби шабеҳи ҷанги сардро пушти сар карданд. Ӯзбекистон он вақт парози ҳавопаймоҳо ва автобусу қаторҳоро байни ду кишвар манъ карда, бо Тоҷикистон низоми раводид (виза) ҷорӣ кард ва марзҳояшро бо ин кишвар минакорӣ кард. Дар замони Каримов сатҳи табодули маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя низ ба ҳадди пасттарин пойин рафта буд ва солона ҳамагӣ ҳудуди 40 миллион долларро ташкил медод.

Баъди марги Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки  асли аҷдодаш аз  шимоли Тоҷикистон, аз деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аст, равобити Тошканд бо Душанбе рӯ ба гармшавӣ овард.

Мирзиёев  режими визаро бо Тоҷикистон бекор кард ва гузаргоҳҳои қаблан басташуда дар марз бо ин кишварро аз нав кушод, парвози ҳавопаймоҳову ҳаракати автобусҳоро барқарор кард ва сатҳи харидуфурӯши маҳсулот байни ду кишвар низ, тавре Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, баъди даргузашти Ислом Каримов 40 маротиба боло рафта, ба 600 миллион доллар расид.

Маросими маҷозии оғози амалӣ гардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  02.06.2022
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон  02.06.2022
https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720299466875/with/52115653302/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button