ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОФИРКАШОНӢ БО ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГИИ ҚАЛБАКӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Идораи воситаи нақлиёт бо шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ ҳолати ҷиноятиест, ки дар ҷараёни рейди самтӣ нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом дар ҳудуди маъмурии хизматӣ ошкор намуданд. Ҷанбаи ташвишовари ин ҳолати ҷиноятӣ дар он аст, ки гумонбаршуда воситаи наклиёти мусофиркашро идора намуда ба мусофиркашонӣ машғул буд. Шаҳрванд Ҳасанзод Умар, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом моҳи январи соли равон бо маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш Ихтиёр Мазоҳидов, ки ӯ низ сокини шаҳри Конибодом аст шаҳодатномаи ронандагии сохтакоришуда бо дараҷаҳои Б;С;Д барои идораи нақлиёти сабукрав, боркашон ва мусофиркашонӣ ба даст оварда давоми зиёда аз ду моҳ воситаи наклиёти мусофиркашонии тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш tj 9022ТТ 02-ро идора намуда дар хатсайри №115-и дохилишаҳрӣ ба мусофиркашонӣ машғул шудааст.
Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат оид ба сохта ва қалбакӣ будани шаҳодатномаи ронандагӣ корманди бозрасӣ шубҳа намуда, барои дақиқ кардани тахмини худ аввал нисбати ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хусуси риоя накардани меъёри суръати ҳаракати роҳ тартиб медиҳанд ва дар идома шаҳодатнома аз ташхиси криминалистӣ гузаронида мешавад, ки қалбакӣ будани он тасдиқ ёфт. Гумонбаршуда Умар Ҳасанзод ба тафтишот иқрор шудааст, ки курси ронандагиро барои идора намудани нақлиёти мусофиркашонӣ нахондааст ва шаҳодатномаро бар ивази пардохти 5 500 сомонӣ рафиқаш ба ӯ дастрас намудааст. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки шаҳодатномаи мазкур бе риояи талаботи технологӣ дар хориҷа таҳия гардидааст.

IMIG 1034

Бо кирдори содирнамудаи худ гумонбаршудаҳо меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон кардаанд ва барои содир намудани чунин амали ҷиноятӣ нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Кормандони БДА-и ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ошкор намудани далели сохтакории шаҳодатномаи ронандагӣ исбот карданд, ки вазифаи худро хуб медонанд ва дақиқкор ҳастанд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button