Дин ва боварҳоНуқтаи назар

АСРОРИ МАРГ

Абдукодир Талбаков

АСРОРИ МАРГ

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Асрори Худованд басо зиёд аст, вале мармузтаринаш, бешак, марг аст. Кӯшиши мллиардсолаҳои инсон дар бозкушоиаш бенатиҷа буду хоҳад монд. Тадбирҳои фардию дастаҷамъии ахтаршиносону ҷодугарону фолкушоёну сеҳргарон, чун нақше болои об буду ҳаст.

 Чанд мушоҳида аз умри кӯтоҳи худам:

Устоди фанни табияи ҷисмонӣ пайваста аз тарзи ҳаёти солим мегуфту пайваста пайи обу тоби бадан буд, ҳама шуда 36 сол умр дид. Дӯсташ, ки пайваста аз ӯ мазаммат мешунид, ки танбалу ноҷунбону пурхӯр аст дирӯз ба умри паямбарӣ расид.

Азизеро назди духтури дил бурдам, 2-соат дар бораи роҳҳои пешгирии сактаи дилу василаҳои қавӣ намудани мушакҳои қалб “лексия” карду ба ҳамроҳам 1 дору дода таъкид намуд, ки 10 рӯз истеъмол кунаду баъдан ташхис карда, табобатро оғоз мекунад. Баъди ду ҳафта наздаш рафтему фаҳмидем, ки духтур аз сактаи дил мурдааст.

Садамае шуду ду ҷавон сахт ҷароҳат бардоштанд; Якеро ки падараш сарватманд буд ба Олмон бурда бо сӯзандоруҳои тиллоӣ табобат мекарданд. Ҷавони дигар, ки камбизоат буд ру ба раҳми Худо дар духтурхонаи ноҳия табобат мегирифт. Рӯзи тӯйи арусии ҷавони камбизоат тобути рафиқашро аз Олмон оварданд.

 Имоми масҷид ҳамарӯза дар мавъизаҳояш майзадаи бехонаву дареро ки дар зимистону тобистон дар кӯчаҳо мехобид, мисол меовард. Имом мурду майзада ҳоло ҳам зинда.

Ҳақ ҷониби шоир аст:

Аҷал дар пойи ту доим, ту дар пойи амал, оре,

Аҷал кори дигар дорад, амал кори дигар дорад.

Ё ба гуфти дӯстам Шоҳҷон : “Марг дигару дард дигар”

Умри дарозу босаодат бинед, азизон!

Abdurakhmon Nazirmatov

Офарин !! Фикр мекунам мавзӯъи асоси ва беҳтарин ҳамин бояд бошад. Мардуми моро мурданро наомухтанд, як умр метарсонанд.

Mohammad Ali Istam

Шахсе ҳама шаб бар сари бемор гирист

Чун субҳ шуд ӯ бимурду бемор бизист

Фируз Баротов

Мутаъассифона дар зеҳни мо марг як даҳшатнок аст. Ҳатман азоби гӯр, боз морҳову, каждуму аждаҳоҳо ва даҳшати торикии қабрҳои тангу торик. Дирӯз як мавъизаро шунидам, ки аз аввал то охир “закот бте, агар натӣ як море ба гӯрат меояд, ки як чашм дорад ва то қиёмат туро неш мезанад” иборат буд. Чунин мавизаҳоро зиед мешунавем. Аммо то ҳол намедонам, ки аз марг бояд тарсид ё вакте пир мешавем худ ба истиқболи марг меравем?

Ismatullo Inoyatov

Расми чаравлоқбадаст намешуд хубтар буд.

Донишмандон мегӯянд, “яке аз далоили қиёмат “марг” аст”.

Чун марг расад, чаро ҳаросам,

К-он роҳ ба Ту-ст мешиносам.

(Н. Ганҷавӣ)

Сальма Олимӣ

Гофил манишин бин, ки азизон хама рафтанд

Аз дори фано силсиладорон хама рафтанд

Ковусу Кайу Кайсару шох он хама рафтанд

Искандару Чамшеду Сулаймон хама рафтанд

Аз гулшани ин дахр хазорон хама рафтанд.

Домоди Мухаммад, ки Али шеъри Худо буд

У сайкали дилхои хама ахли сафо буд

У шавхари Фотимаю худ кони сахо буд

Ин исми бузургн зи самак то ба само буд

Пайгамбари мо, чумла имомон хама рафтанд.

Одамон аз Марг наметарсанд, аз он дар ҳаросанд, ки баъди Марг чи мешавад.

Умари Форуқ

Ба сифри нуҳ фалак аз қадри худ ҳисоб талаб.

Касе зи марг агар расми зиндагӣ хоҳад,

Абулмаъони Абдулқодири Бедил.

Додихудо Гулмирзоев

Кадомӣ буду нарафт,ë кадоме қарнҳо зист?

Бад-ин талош наварз,ки саволи дардисар аст…

Асадулло Саьдулло

Охирон сиру асрори Офаридгор дар ин дунё Марг аст

Илҳом Илҳомиён

Мусулмонон! Сарои умр, дар гети ду дар дорад

Ки хоссу омму неку бад, бадин ҳар ду, гузар дорад

Ду дар дорад: ҳаёту марг, к-андар аввалу охир

Яке қуфл аз қазо дорад, яке банд аз қадар дорад

Чу ҳангоми бақо бошад, қазо ин қуфл бигшояд

Чу фармони фано ояд, қадар ин банд бардорад

Аҷал дар банди ту доим ту дар банди амал, оре

Аҷал кори дигар дорад, амал кори дигар дорад

Ҳар он олим ки дар дунё ба ин маъни бияндешад

Равонро бар хатар бандад, забонро бехатар дорад

Ҳар он кас ку гирифтор аст андар манзили дунё

На дармони аҷал дорад, на сомони ҳазар дорад

Камар гирад аҷал, онро ки дар шоҳиву ҷаббори

Зиҳар муҳри нигин дорад, қамар тарфи камар дорад

Агар табъи ту, аз фарҳанг, дорад фарри Кайхусрав

Ва гар шахси ту, андар ҷанг, зури Золи зар дорад

Агар ту фил масал моҳиву аз гардун сипар дори

Ба сар умри туро ло буд замона пай сипар дорад

Аё саргаштаи дунё! Машав ғурра ба меҳри ӯ

Ки бас саркаш ки андар гур, хиште зери сар дорад

Тамаъ дар симу зар чандин макун, гар дину дил хоҳи

Ки дину дил табаҳ кард он ки дил дар симу зар дорад

Ҷаҳон, пур оташи оз асту бечора дили он кас

Ки ӯ андар самими дил, аз он оташ шарар дорад

Чи нуши шарбати нушину охир зарбати ҳиҷрон

Ҳама ранҷат ҳабо гардад, ҳама корат ҳадар дорад

Ту, андар вақти бахшидан, ҷаҳонро мухтасар дори

Ҷаҳон, аз рӯи бахшидан, туро ҳам мухтасар дорад

Саноиро мусаллам шуд ки гуяд зуҳди пур маъни

Надонад қимати назмаш ҳар он ку гуши кар дорад

(Саноии Ғазнавӣ)

Илҳом Илҳомиён

Мавлоно Румӣ

“Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад,

Навбати пирӣ дарояд навҷавонӣ бигзарад.

Зуру бозуе ту дорӣ ай ҷавон, ай паҳлавон,

Зуру бозуят намонад паҳлавонӣ бигзарад.

Боғбон, боғе ту дорӣ дар сарои зарнигор.

Боғат ободон намонад, боғбонӣ бигзарад.

Меҳмонӣ чанд рузе андар ин меҳмонсаро,

Субҳи содиқ чун барояд, меҳмонӣ бигзарад.

Шоду масрури ту монанди баҳор,

Боди пойизе расад, ин шодмонӣ бигзарад.

Нохудо, ин киштии бишкаста ҷои хоб нест,

Бодбон барбанд, боду бодбонӣ бигзарад.

Сорбон оҳиста рон, як-як азизон мераванд,

Ё биронӣ ё наронӣ, сорбонӣ бигзарад.

Дар миёни корвон уштурсаворӣ мекунӣ,

Манзилат охир расад, ин корвонӣ бигзарад.”

Ин аҷал ҳамчун пулест, ҷонҳо чун корвон,

Ногаҳон бини, з-он пул корвоне бигзарад.

Шамси Табрезӣ, чи дони ҳолати мастони хеш.

Кори ту ҳам охир ояд, кордонӣ бигзарад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button