ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

ПОСУХИ РВКД ДУШАНБЕ БА ХАБАРИ “БОМДОД”: ТАНҲО ЯК НОЗИРИ МИНТАҚАВӢ БА “СУҲБАТ” ДАЪВАТ ШУДААСТ

РВКД Душанбе хабари сомонаи “Бомдод” дар бораи аз аз ҷониби кормандони  Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳангоми гирифтани пора дастгир шудани  якбора 4 нозири минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансурро рад кард.

 “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надошта, танҳо як нозири минтақавӣ барои суҳбат ба мақомоти мазкур даъват шудааст. Ҳамзамон ҳолати мавриди «облава» қарор гирифтани як нафар ҷавон ва барои раҳоии ӯ аз волидайнаш талаб намудани пора низ ҷой надорад. Нозирони минтақавии милитсияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор дошта, баҳри таъмини тартибот ва осоиштаҳолии шаҳрвандон дар минтақаҳои хизматии худ фаъолият намуда истодаанд”, – гуфта мешавад дар раддияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.  

Вале тавре аз раддия бармеояд,  РВКД Душанбе эътироф кардааст, ки қазия вуҷуд дорад ва дастикам “як нозири минтақавӣ барои суҳбат ба мақомоти мазкур даъват шудааст”.

Идораи сомонаи “Бомдод” дуюмбора бо манбаи худ дар тамос шуд ва ӯ дигарбора тасдиқ кард, ки дар ин парвандаи талаби пора аз волидони ҷавони даъватшаванда дар ҳақиқат 4 нозири минтақавӣ аз шуъбаи милитсияи ноҳияи Шоҳмансур гумонбар мешаванд. Ӯ дигарбора тасдиқ кард, ки нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 247, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми  “қаллобӣ ба маблағи бузург аз ҷониби гурӯҳи муташаккил” парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Тавре қаблан “Бомдод” хабар дод, шаби 30 апрел ба 1 май кормандони дафтари ҷумҳуриявии Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон якбора 4 нозири минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо ҳангоми гирифтани пора аз падари як ҷавоне, ки бо тариқи “облава” дастгир шуда буд, дастгир карданд.

Як манбаъ аз Агентии мубориза бо коррупсия рӯзи 1 май дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ин 4 нозири минтақавӣ як ҷавонеро, ки аз рӯи синну сол метавонист ба хидмати ҳарбӣ даъват шавад, дастгир кардаанд.  Онҳо ба ҷои ба комиссариати ҳарбӣ бурдани ҷавон хостаанд, ки ӯро ба волидонаш “бифурӯшанд”. Нозирони минтақавӣ аз падари ҷавон дар ивази раҳоии ӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.

“Дар натиҷаи гузарондани амалиёти фаврии тафтишотӣ, кормандони милитсия тавонистанд ин 4 афсари милитсияро ҳангоми гирифтани ин 5 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд. Ин маблағ аз дасти онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шуд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Бар асоси қисми сеюми моддаи 247 ба онҳо ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё каме бештар аз 5 доллар) ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агентии мубориза бо коррупсия дар гузоришҳояш мақомоти корҳои дохилиро пайваста дар қатори ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада ном мебарад.

Тоҷикистон дар умум яке аз кишварҳои фасодзадатарини дунё ба шумор рафта, дар гузориши ахири созмони Транспаренси Интенэшнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод дар мақоми 150-ум ҷой гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button