ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАДДАБАНДИИ ОЗОДИИ МАТБУОТ 10 ЗИНА БОЛО РАФТААСТ

Тоҷикистон дар раддабандии имсола дар гузориши солонаи созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, ки рӯзи 3 май, дар Рӯзи байналмилалии озодии матбуот, таҳти унвони “Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот 2022” –  https://rsf.org/en/index – нашр шуд, аз нигоҳи сатҳи озодии матбуот назар ба соли гузашта якбора 10  зина боло рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 152-юм ҷой гирифт. Тоҷикистон як сол пеш дар ин раддабандӣ дар зинаи 162, дар байни 20 кишвари саркӯбгари озодии матбуот қарор дошт. Гуфтанист, ки имсол мавқеи ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, ҳатто Туркманистон дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” беҳтар шудааст.

“Хабарнигорони бидуни марз” сабаби якбора 10 зина боло бурдани мавқеи Тоҷикистонро шарҳ надодааст. Вале дар бахши Тоҷикистони гузориш  баракс гуфта мешавад, ки сиёсати таъқиботии президент Эмомалӣ Раҳмон бо касби унвони “Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”  беист шадидтар мешавад.

Бино ба ин гузориш, “шумори ҳарчӣ бештари журналистон тарки Тоҷикистон мекунанд. Онҳое, ки дар кишвар боқӣ мемонанд, даст ба худсонсурӣ мезананд. Фишорҳои ҳукумат шумори зиёди расонаҳои мустақил, аз ҷумла рӯзномаи “Озодагон” ва сомонаи “Ахбор”ро водор кард, ки баста шавад ва даҳҳо журналистро маҷбур ба тарки кишвар кардааст. Танҳо сеяки аҳолӣ ба Интернет дастрасӣ дорад. Доим масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии умда бисёре аз расонаҳои Тоҷикистонро маҷбур кардааст, ки фаъолияти худро дар хориҷ ба роҳ бигузоранд. Хабарнигорони хориҷӣ (дар Тоҷикистон) таҳти хатари бекор ё рад кардани аккредитатсияашон фаъолият доранд”.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳукумат муҳтавои матлабҳоеро, ки дар радио, телевизион ва Интернет нашр мешаванд, бодиққат назорат мекунад ва дастрасии расонаҳои мустақил ба ахбори расмӣ маҳдуд карда шудааст. Журналистоне, ки аз худсонсурӣ парҳез мекунанд, мавриди таъқиби мақомоти амниятӣ ва ҳадаф и тарсондану шантаж қарор мегиранд. Бархеи онҳоро ҳатто “террорист” меноманд Бар илова, ҳукумат фермаи троллҳоро созмон додааст, ки муаллифони ҳама гуна матлабҳои танқидиро ҳадаф қарор медиҳанд.

Бино ба гузориши “Хабарнигорони бидуни марз”, “мақомот барои ҷазо додан аз иттиҳомоти барангехтани низоъ ва кинаю адоват ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ сӯиистифода мекунанд ва ин иттиҳомот фазои тарсро эҷод карда, монеи изҳор кардани фикрҳои интиқодӣ нисбат ба режими ҳоким мешаванд”.

“Хабарнигорони бидуни марз” ҳамчунин вуҷуди мушкилоти иқтисодие, чун андозҳои миёншикан, бозори заифи реклама ва тафтишоти беҳисоби мақомот дар роҳи рушди матбуоти тоҷикро зикр карда, менависанд, дар Тоҷикистон “журналистон дар ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ягон нақш надоранд, чунки ҳукумат ба кори онҳо таваҷҷуҳ нишон намедиҳад ва ба суолҳои бардоштаашон посух намедиҳад… Хабарнигороне, ки аз ҳукумат танқид мекунанд, метавонанд аз ҷонииб мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҳамлаҳои ҷисмонӣ, тарсондан, ҳабс ва ҳатто ҳукми зиндон қарор бигиранд.”

“Журналистон амалан бидуни зери хатар гузоштани худ, наздикони худ ва аҳли хонаводаҳои худ имкони кор кардан рӯи масоилеро, ки ҳукумат “ҳассос” мешуморад, надоранд”, – таъкид шудааст дар ҳисобот.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми аз ҳама баландтаринро Қирғизистон ба даст овардааст, ки 7 зина боло рафта, дар мақоми 72 ҷой гирифтааст. Дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” Қазоқистон якбора 33 зина боло рафта, ба мақоми 155 расидааст. Ӯзбекистон 24 зина боло рафта, дар зинаи 157 ҷой гирифтаааст.

Туркманистон мавқеи худро як зина боло бурда, дар зинаи 177, дар байни кишварҳои саркӯбгари озодии матбуот боқӣ мондааст. Вазъи ҳатто аз Туркманистон ҳам бадтари озодии матбуот танҳо дар кишвари африқоии Эрон, Эритрея ва Кореяи шимолӣ мушоҳида мешавад.

Се мақоми аввалро дар раддабандии “Хабарнигорони бидуни марз” кишварҳои Скандинавия – Норвегия, Дания ва Финландия ба даст овардаанд. Дар мақоми чорум имсол бори аввал дар таърихи раддабандиҳои “Хабарнигорони бидуни марз” Эстония, як кишвари Шӯравии собиқ ҷой гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button