ВидеоМуҳоҷирон

ХУДО ЗАД? ҶАМШУТ АЗ “НАША RUSSIA” ҲОЛО ДАР ЯК БОМЖХОНА ЗИНДАГӢ МЕКУНАД (ВИДЕО)

Валерий Магдяш, ҳунарпешаи зодаи Молдова, ки бо иҷрои нақши Ҷамшуд дар барномаи “Наша Russia” дар шабакаи телевизионии ТНТ ном бароварда буд, ҳоло дар як сарпаноҳ барои одамони бехона дар шаҳри Пятигорски Русия зиндагӣ мекардааст.

Ҷамшутро, ки солҳои охир майзада шуда буд,  ба ин сарпаноҳи одамони бехона  аз як хонае оварданд, ки ба гуфтаи шоҳидон, аз бомжхона бадтар буд: пур аз ахлоту партов ва ғарами шишаҳои арақу май ва орӣ аз оддитарин шароити зист.

Дар бораи суъуд ва суқути ин ҳунарпешаи собиқ дар барномаи “За гранью” дар шабакаи НТВ қисса карданд. Худи Магдяш низ ба барнома даъват шуда буд.

 Валерий Магдяш дар пайи иҷрои нақши муҳоҷир Ҷамшуд дар барномаи “Наша Russia” номдор шуд. Ӯ ҳоло он давронро ба ёд оварда, мегӯяд, барои ҳар рӯзи сабт барояш 1000 доллар медоданд. Вале он ҳама хеле зуд аз дасташ рафт: Мушкилоти Магдяш, бино ба нақли худаш, соли 2018, вақте сар шуд, ки хонаи якҳуҷрагиашро фурӯхту мехост пулашро дар бонк монда, баъдан дуҳуҷрагӣ бихарад. Вале дар роҳ ба сӯи бонк гӯё ӯро ғорат карда, тамоми пулашро кашида гирифтаанд. Дар натиҷа Магдяш дар кӯча монду ба май рӯ овард ва хеле зуд он ҳама шуҳрати қаблии худро аз даст дода, ба бомж табдил ёфт.

Духтарону набераҳояш ҳам аз баҳри вай гузаштанд ва ӯ дар ниҳоят дар як хонае афтод, ки бино ба нақли фаъоли ҷамъиятӣ Валерий Файник, бадтар аз бомжхона буд. Фаъолон аз маркази реабилитатсионӣ Магдяшро аз инҷо ба биное бурданд, ки ҳамчун сарпаноҳ барои мардуми бехона хидмат мекунад.

Ӯ дар барномаи НТВ гуфт: “Ин сарпаноҳ нафақат охирин шанси ман, балки ягона шанси ман барои бозгашт ба зиндагии инсонист”ю

Қиссаҳо дар бораи гастарбайтерҳо Равшан ва Ҷамшутро дар барномаи “Наша Russia” чанд сол намоиш доданд. Қиссаҳои Равшану Ҷамшутро дар Тоҷикистон таҳқиромез мешумурданд ва ҳатто парлумони Тоҷикистон бо як изҳороти расмӣ аз мақомоти Русия талаб карда буд, ки ҷилави муаллифони ин барномаро бикашанд. Дар ниҳоят, ТНТ аз идомаи нашри қиссаҳо дар бораи Равшану Ҷамшут худдорӣ кард ва иҷрокунандаи нақши Ҷамшут, тавре дида мешавад, саранҷом ба бомж табдил ёфт.

Бисёриҳо дар Тоҷикистон хабари дар кӯча мондани иҷрокунандаи нақши Ҷамшудро бидуни ягон дилсӯзӣ истиқбол карданд. Бархе суханони таҳқиромези ӯ дар бораи муҳоҷиронро ба ёд оварда, мегӯянд, Магдяш ончиро медаравад, ки дар вақташ худ кишта буд. “Ӯро Худо зад!” – навиштааст бо қаҳр як муҳоҷири зодаи Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button